ДУШАНБЕ ТАЙЁРИРО БА ЗИМИСТОНИ ОЯНДА АЗ ҲОЛО ШУРУЪ МЕКУНАД. Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021 қарор ба тасвиб расонданд

Май 9, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 май қарори Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ    «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  пойтахт  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 – 2021» ба тасвиб расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Қарори мазкур бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул карда шудааст.

Рӯстами Эмомалӣ дар ин зимн муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои пойтахтро вазифадор намудаанд, ки новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021, бетаъхир нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.

Дар қарор омадааст, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситодҳои дахлдор таъсис дода шаванд.

Тибқи қарори мазкур, Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе» бояд вазифаҳои зеринро иҷро намояд:

— чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъминоти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад;

— якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор шудааст, ки бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 — 2021 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Раиси шаҳри Душанбе бо ин қарор Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус — 1», «Автобус — 2», «Автобус — 3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро вазифадор намудаанд, ки  нақшаи чорабинҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 то 1 июни соли 2020 таҳия ва тасдиқ намоянд.

«Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд, — тазаккур дода шудааст дар қарор ва таъкид гардидааст, ки сардори ситод дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват намояд».

Инчунин тибқи ин қарор раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият дар мувофиқа бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе — сарпарастони соҳаҳо аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо то санаи 5-уми ҳар моҳ маълумоти муфассал ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба иҷрои муқаррароти қарори мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомот ахборот манзур намояд.

Май 9, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи бисту якуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
Кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур дар рӯзҳои сарди зимистон шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд
Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
ДУШАНБЕ – ШАҲРЕ, КИ ҲАР РӮЗУ СОАТ ЗЕБОТАРУ ДИЛРАБОТАР МЕШАВАД. Дар пойтахт бунёди 9 роҳи дусатҳаи дигар ба нақша гирифта шудааст
Доир ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон конференсия баргузор гардид
Иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор мегардад
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» қадрдонӣ шуданд
Шурои якуми соҳибкорзанон баргузор шуд