ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ… Мардуми бо илму адаб решапайванди тоҷик ҳатто дар солҳои 1941-1945 аз омӯзишу хониш дур намондаанд

Май 9, 2020 10:14

ДУШАНБЕ, 09.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи панҷ соли Ҷанги  бузурги ватанӣ (1941-1945) ба Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  646 ҳазору 302 нафар ташриф оварда, 291 ҳазору 54 китоб дархост кардаанд. Дар ҳамин панҷ сол бахши Абонементи байни китобхонаҳо барои мутолиа дар хона ба ниёзмандон 67 ҳазору 377 китоб додааст.

Танҳо овардани ин омори хизматрасонии Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон  кофист, ки бидонем сокинони пойтахт ва навоҳии атрофи он ҳатто дар мудҳиштарин солҳо низ даст аз хондан ва мутолиа набардоштаанд.

Аз ин омор ба хулоса омад, ки сарфи назар аз айёми тираи ҷанг ва рӯзгори нобасомони мамлакат мардуми ба адабу илм решапайванд доштаи тоҷик ҳамзамон бо фидокориҳо дар ҷабҳаи ҷангу ақибгоҳ аз омӯзишу хониш  дур намондааст, ки боиси ифтихор аст. Инро дар мисоли фаъолияти китобхонаҳои он замони ҷумҳурӣ равшан дидан мумкин аст. Омори хизматрасонии солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон чунин аст:

 

Сол Омадурафт Диҳишикитоб АБК
1941 161.661 265.284 9.489
1942 170.462 4311 18.572
1943 172.910 310.888 19.323
1944 141.269 291.057 19.993

 

Инчунин дар солҳои ҷанг хонандагон 18 ҳазору 877 маълумоти хаттию шифоҳии библиографӣ дарёфт кардаанд.

Ҳоло дар бойгонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳҳо номгӯй китобҳо ва ҳазорон мақолаву гузоришотро метавон пайдо кард, ки аз ҳаёти қаҳрамонони ҷанг қисса мекунанд, ривоятгари он рӯзу моҳу солҳои мудҳишанд. Ҳарчанд имрӯз аз анҷоми музаффаронаи ин ҷанг 75 сол мегузарад, вале ёдҳо ҳамоно ҷавонанд, аз он солҳо хотироте зиёде ба имрӯзиён боқӣ мондаанд.

ДАР АКСҲО: Шаҳри Душанбе (собиқ Сталинобод) дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ низ аз китобу таълим ва илму маърифат дур набуд.

Аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд. Хушбахтона, дар тӯли асрҳо, ҳатто дар замони ҷангҳои харобиовар ва ҳамлаи душманони фарҳангсӯз фарзандони боистеъдод ва баору нангамон хомаро аз даст нагузоштанд ва шоҳкориҳо ба ёдгор монданд.

Дар шароите, ки ҷаҳон,  аз ҷумла Тоҷикистонро пандемияи коронавирус фаро гирифтааст ва барои инсоният дар хона шиштану аз ҷойҳои серодам канора гирифтан тавсия шудааст, мутолиаи китоб беҳтарин васила аст. Зеро  китоб-арзандатарин дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, оромкунандаи рӯҳу ҷон, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишини бовафо аст.

Бузургон мегӯянд, ки барои хонандаи ҳақиқӣ шудан ягон воқеаи муҳим: бевафоии ёр, ғам, ҳаводиси ҷиддии олам боис мешавад. Дар чунин ҳолатҳо як тоифа одамон ба китоб рӯ меоранд. Китобҳо ҳам ба мисли ёри бовафо, ҳамсуҳбати беранҷ ба ёрии онҳо мешитобанд. Рафта-рафта лаззати китоб барои онҳо ба мисли худи ҳаёт ширин шуда, онҳоро шадидан ба оғӯш мегирад. Он вақт кас ҳамроҳ бо китоб саёҳат мекунад. Ин сайёҳат бо тамоми кайфияташ моро ба айёмҳо мебарад. Ва мо як муддате ҳаёти хешро ба фаромушӣ дода, бо симоҳои нексиришти мардумони ҷаҳон шинос мешавем. Гоҳ дар шимол, гоҳ дар ҷануб ва гоҳе орому гоҳе ба ҳаяҷон ҳамсуҳбати онҳо мешавем. Мо бо ҳусният, бо табассум дӯстдори онҳое хоҳем шуд, ки аз паси кори нек, барои ишқи пок, барои ҷавонмардӣ сӯйи орзуҳои хеш меравем. Ин аст рисолати китоби хуб ва хонандаи ҳақиқӣ.

Дар замони муосир, бо пешрафти илму техника  ва бо пахши як тугмача аз тариқи шабакаҳои интернетӣ мо аз китобхонаҳои электронӣ беҳтарин адабиёти ватанӣ ва хориҷиро метавонем дастрас кунем. Он асарҳое, ки барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» тавсияшудаанд, метавонанд дар ин шабу рӯз барои тамоми қишри ҷомеа беҳтарин роҳнамо барои мутолиагарданд.Китоб ганҷина аст ва китобхон касест, ки ҳамин ганҷинаро мебардорад. Тавассути мутолиаи китоб инсон аз бадахлоқӣ, муҳтоҷӣ, ғаму дард, беморӣ, парешонӣ ва ғайраҳо озод мегардад.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
 АМИТ «Ховар»

Май 9, 2020 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Дар Бохтар маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
Ғолибони даври ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ шуданд
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд