Хатлон: Дар беморхонаҳои вилоят корҳои безараргардонӣ идома доранд

Май 29, 2020 12:32

 ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ Ховар/.  Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории CОVID-19 дар беморхонаҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода иброз намуд, ки корҳои безараргардонӣ тибқи дастури Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегарданд.

«Корҳои поксозиро, новобаста аз он ки дар дорухонаҳо тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ андешида шудаанд, мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаҳои безараргардонии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамаи ширкатҳои фармасевтӣ, дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшӣ ба анҷом расонида истодаанд. Зеро ба дорухонаҳо  афроди бемор бештар меоянд, ки  онҳо   осебпазиранд», – гуфт Маҳмадҷон Абдулқодирзода.

Бояд гуфт, ки то 27 май корҳои безараргардонӣ дар дорухонаҳо ва нуқтаҳои доруфурӯшии шаҳри Левакант, ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Носири Хусрав пурра ба анҷом расонида шуданд.

Холо ин гуна корҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома доранд.

Май 29, 2020 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад