ХОНАНДАИ ГИРОМӢ!

Май 4, 2020 07:03

ХОНАНДАИ ГИРОМӢ!

Дар арафаи таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945  агентиҳои давлатии иттилоотии  кишваҳои  иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) лоиҳаи муштараки худ — ташкили намоишгоҳи аксҳоро  бахшида ба насли қаҳрамони халқҳои музаффар  дар мубориза бар зидди фашизм анҷом доданд.

Намоишгоҳе, ки мо имрӯз пешниҳоди шумо мегардонем, беш аз 90 солномаро дар бар мегирад, ки аз ҷониби агентиҳои давлатии иттилоотии АЗЕРТАДЖ (Озарбойҷон), «Арменпресс» (Арманистон), «БелТА» (Беларус), «Казинформ» (Қазоқистон), «Кабар» (Қирғизистон), «Молдпресс» (Молдова), ТАСС (Россия), «Ховар» (Тоҷикистон), «УзА» (Ӯзбекистон) ва агентии давлатии итилоотии Туркманистон таҳия карда  шудаанд. Онҳо солномаи озмоишҳои сангине мебошанд, ки ба сари мардуми шӯравӣ омада буданд, онҳоро метавон  андӯҳи гарони талафот ва шодии бузурги  Ғалаба  номид. Ин шаҳодати корнамоиҳои ҷангӣ ва меҳнатӣ, инчунин хотирот ва миннатдории мо ба ҷасорати шахсоне хоҳад буд, ки Ватани худро дар ҷабҳа ва ақибгоҳ ҳимоя карданд.

Сол ба сол вақт моро аз он давраи ҷанг дур мекунад, аммо озмоишҳои  сангин ва Ғалабаи Бузург набояд аз хотира ва дилҳо дур шаванд. Дар кишварҳои мо муҷассамаҳо қомат афрохтаанд ва ёдгориҳои хоксоронаи қаҳрамонони ҷанг, ки бояд барои мо ва наслҳои оянда нигоҳ дошта шаванд, мавҷуданд. Ин як навъ ҳушдорест,   ки имрӯзиён ва фардоиёнро аз фаромӯш  сохтани гузашта, аз такрори фоҷиаҳое, ки миллионҳо нафарро аз байн мебаранд, аз кӯшиши дубора навиштани таърих ва сафед кардани шарикони қувваҳои бадӣ  бозмедорад.

Ва, албатта, мо бояд ба собиқадорони ҷанг ва ақибгоҳ, ки дар байни мо сол то сол кам мешаванд, эҳтиром гузорем. Агентиҳои давлатии иттилоотӣ дорои  имкониятҳои қавӣ барои дастгирии собиқадорон, ғамхорӣ ва эҳтироми онҳо дар ҷомеа мебошанд. Ҳаёти ҳар як қаҳрамони ғолиб имрӯз низ  чун дар  майдонҳои ҷанг пурарзиш бошад!

ҶАШНИ 75-СОЛАГИИ ҒАЛАБАИ БУЗУРГ  МУБОРАК!

Май 4, 2020 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд