КИТОБХОНАИ МИЛЛИИ ЭЛЕКТРОНӢ ФАЪОЛ КАРДА ШУД. Хонандагону донишҷӯён метавонанд дар давраи таътил аз он истифода намоянд

Май 6, 2020 14:16

ДУШАНБЕ, 06.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  китобхонаи  махсуси  электронӣ  ташкил гардид, ки  дар фонди он бештар аз 321 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва  англисӣ ҷой дода шудааст. Тавре  муовини сардори шуъбаи автоматикунонии  раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллӣ Акбари Муҳиддин  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  «дилхоҳ хонандае, ки ба шабакаи ҷаҳонии интернет дастрасӣ дорад, метавонад тариқи сомонаи  www.nlt.tj  китобҳоро дастрас намояд.

Китобҳо дар шакли PDF ҷойгир карда шуда, ҳамзамон метавон дар дохили сомона,  тариқи телефони мобилӣ, ки ба интернет пайваст мебошад, онҳоро мутолиа кард».

Ба гуфтаи  Акбари Муҳиддин, он китобҳое, ки барои мутолиа дар  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия шудаанд, дар китобхонаи электронӣ ҷой дошта,  хонандагон имкон доранд аз дилхоҳ  гӯшаи дунё  онҳоро мутолиа намоянд.

Дар 4 моҳи соли 2020 аз Китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бештар аз  30 ҳазор хонада истифода бурдааст. Шаҳрвандоне, ки ба шабакаи ҷаҳонии интренет дастрасӣ доранд,  баъд аз қайд  гузаштан дар сомона имкони дастрасӣ  ба  беш аз 321 ҳазор  китобро пайдо месозанд. Кормандони шуъба талош доранд, ки  шумораи адабиётҳоро ба фонди китобхонаи электронӣ бештар созанд. Истифодабарандагон  ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ метавонанд ба телефони 37 2210620 (шуъбаи автоматикунони раванди китобдорӣ-иттилоотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон)  муроҷиат намоянд.

Инчунин  дар Китобхонаи миллӣ шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо фаъолият мекунад, ки метавонад барои аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон,  кормандони соҳаи илм ва кормандони мақомотҳои давлатӣ китобҳоро барои мутолиа дар хона ва ҷойи кор ба муҳлати то 14  рӯз пешниҳод кунанд.

Ба иттилои сардори шуъбаи мазкур Гулҷаҳон Асоева,   шуъба  аз оғози сол то кунун ба беш аз 5 ҳазор хонанда тибқи дархосташон 6200 китоб пешниҳод кардааст.  Ҳамзамон шуъба бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар робита буда, пайваста ба онҳо  тибқи дархосташон адабиёт ирсол мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  бо инобати вазъияти баамаломада барои хонандагону донишҷӯён  то 16 августи  соли 2020 таътили  тобистона  эълон гардидааст.

Масъулони Вазорати маориф ва илм мегӯяд агарчӣ хонадагон дар давраи таътил аз дарсҳо дур бошанд ҳам,  омӯзгорон ба онҳо китобҳои бадеӣ тавсия намудаанд, то ба мутолиаи пайваста машғул шаванд. Тавре  маълум аст,  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ,  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир мегардад.

Дар давраи таътил хонандагону донишҷӯён имкон доранд ба мутолиаи бештари китоб машғул гардида, ба озмунҳои дар пеш истода  омодагии хуб гиранд.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамарӯза дари Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои хонандагон боз буда, барои онҳо  хизматрасонӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳои ҷиҳати пешгири аз паҳншавии бемории корнавирус низоми вуруд ба Китобхона тағйир ёфта,  қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагон аз санҷиш мегузаранд ва сипас бо маҳлулҳои кимиёвӣ дастони худро мешӯянд.

 

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР
АМИТ «Ховар»

Май 6, 2020 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«КӮЧАИ УМЕД-612». Филми коргардони тоҷик Далер Имомалӣ ба Кинофестивали XVI байналмилалии Қазон даъват шуд
Дар Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якчанд ёдгории таърихӣ аз замони Сомониён дарёфт шуд
Гурӯҳи корӣ бо имкониятҳои қабулу хизматрасонии инфрасохтори сайёҳӣ дар ВМКБ шинос шуд
Муассисаи нашриявии «Ирфон» озмуни беҳтарин очерку мақолаҳо, мусоҳибаву шеърҳоро доир менамояд
«ОЗОДАПАЛАНГ — ДАРРАНДАЕ, КИ БА ҲИМОЯИ МОВУ ШУМО МУҲТОҶ АСТ». Дар нашриёти «Ирфон» бо ин ном китоб аз чоп баромад
Бостоншиносон дар Тоҷикистон ба тадқикоти мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон оғоз карданд
«Ҳумои сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Ҳазён ё талвосаи ҳасуду хоинони ватанфурӯш», «Яроқи биологӣ ва ҷанги идеологӣ»,…- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон ва сипаришуда
«КИТОБ – САРЧАШМАИ МАЪРИФАТ». Таҳти чунин унвон маҷмӯи мақолаҳои олимону муҳаққиқон нашр гардид
Макони баргузории ИМД ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар соли 2020 тасдиқ гардид
Дар Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ озмуни вилоятии «Рассоми ҷавон» гузаронида шуд
«ВАҲДАТ, ДАВЛАТ, ПРЕЗИДЕНТ». Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷилди 32-юми ин китоб аз чоп баромад
«Эмомалӣ Раҳмон ва модели тоҷикии ҳалли низоъҳои дохилӣ», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон