COVID-19.ТОҶИКИСТОН: Дар суратҳисоби махсус 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари ШМА маблағ ҷамъ шудааст
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19, ки дар доираи амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 таъсис дода шуд, ҷиҳати расонидани кумак ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа суратҳисоби махсус таъсис дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҷамъ шудааст.
Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.
Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19 ҷиҳати амалисозии тадбирҳои нишонрас дар самти пешгирӣ ва муолиҷаи беморони гирифтори ин вирус ба таври шабонарўзӣ фаъолият дорад.
Акс аз бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






