Кормандони мақомоти прокуратура аҳамияти риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиениро ба аҳолӣ мефаҳмонанд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, шӯроҳои маҳалла ва муассисаҳои давлатии идоракунии фонди манзил ба 4440 адад манзили истиқоматии маҳаллаҳои 13, 14, 31 ва Якка- чинори ноҳияи Сино рафта, бо истиқоматкунандагони онҳо суҳбат намуданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯриҳо ба шаҳрвандон зарурати риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ, ба таҳлука наафтодан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намудани фосилаи на кам аз 1,5 метр, пӯшидани ниқоб, мунтазам бо собун шустани дастҳо, истифода бурдани маҳлулҳои антисептикӣ, бе зарурат аз хона набаромадани шахсони аз 60-сола боло, ташкил накардани ҳар гуна ҷамъомаду маъракаҳо фаҳмонида шуда, оид ба роҳҳои паҳншавии бемории номбурда, тарзу усули ба бадан ворид шудани вирус маълумот дода шуд.
Аз ҷониби аҳолӣ суҳбатҳои судманд дуруст пазируфта шуда, ҷиҳати андешидани ҳамаи тадбирҳо барои пешгирии паҳншавии беморӣ омодагӣ изҳор гардид. Корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратураи мамлакат идома доранд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






