«Коронавирус. 85 дар сади шахсони гирифтор бидуни табобат сиҳат мешаванд»,-шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Май 14, 2020 12:08

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта низ матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ расониданд, ки фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда мавзӯи бемории коронавируси намуди нави COVID-19, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он қарор дорад.

Аз ҷумла, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи  №88 (23943), панҷшанбе, аз 7 майи соли равон суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ ба табъ расонидааст. Зимни суҳбатҳои телефонӣ сарони давлатҳо доир ба муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мубодилаи афкор намудаанд. Ҳамзамон ҷонибҳо атрофи масъалаи ташвишовари шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои замони муосир ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намуда, дар пасманзари паҳншавии пандемияи коронавирус мавзӯи зуҳуроти буҳрониро дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин шумораи нашрия таҳти унвони «Қаҳрамонҳо намемиранд» 113 нафар ҷавонмардони деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ баҳри ҳимояи Ватан бар зидди фашизми гитлерӣ мубориза бурдаанд, ёд кардаанд.

Дар матлаби дигари ин нашрия бо номи «Туҳфаи Сарвари давлат ба иштирокчиёни ҶБВ» омадааст, ки имсол ба муносибати 75-солигии Ғалаба ёрдампулиҳои якдафъаинаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ расонида шуд. Зикр гардидааст, ки айни замон дар Тоҷикистон аз 208 ҳазор иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 184 нафар дар қайди ҳаётанд.

Дар ҳамин шумораи нашрия хабарнигорони рӯзнома аз зиндагиномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев, Лутфулло Бузургзода, Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон Нидоев, Сайдаҳмад Каримов, Абдуҳаллим Ҳакимов ва бисёр дигар қаҳрамонон ёдовар шудаанд.

Дар шумораи №89 (23944)-и ҳамин нашрия, ки 8 май чоп шудааст, Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ба табъ расидааст. Дар ҳамин шумора суҳбати табиби эрониасли амрикоӣ Ораш Алоӣ бо шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо»-и Тоҷикистон бо номи «Коронавирус. 85 дарсади шахсони гирифтор бидуни табобат сиҳат мешаванд» ба нашр расидааст.  Саҳифаи шоми шанбеи нашрия бо хабарҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷалб мекунад.

Дар шумораи №90 (23945)-и нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз 12 майи соли равон суҳбти телефонии Пешвои миллат бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Беларус Александр Лукашенко ҷой дода шудааст, ки дар дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо ҳамдигарро ба муносибати 75-солигии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ҳамзамон масъалаҳои ҷории ҳамкорӣ, рушди муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ намудаанд. Аснои мубодилаи андешаҳо роҳбарони давлатҳо вобаста ба мавзӯи зуҳуроти глобалии буҳрони муосир-паҳншавии фарогири бемории коронавирус дар кишварҳояшон ба ҳамдигар маълумот додаанд.

Дар ин шумора  мақолаҳои дигари хонданӣ, аз ҷумла «Ҳошим Гадо. Ҳунарманде, ки дар саҳна инқилоб кардааст», «Шашмақом. Қуллае, ки ҳанӯз фатҳ нашудааст» ба нашр расидаанд.

Дар шумораи №91 (23946)-и нашрия аз 13 май ахбори Тоҷикистону ҷаҳон ва  аз зиндагиномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ифтихори 75-солигии Рӯзи Ғалаба навиштаҳои хабарнигорони рӯзнома ҷой дода шудаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи шанбе, 9 май оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Олимзода Насим Хоҷа ва ба ин вазифа таъйин намудани Ҷамолиддин Абдуллозода ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои соли 2020»  мавод ба табъ расонидааст.

Ҳамзамон хонандагони нашрия метавонанд дар ин шумора доир ба бемории коронавируси COVID-19 ва саргузашти чанде аз қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти муфассал дарёфт намоянд.

Рӯзномаву ҳафтаномаҳои дигари даврии Тоҷикистон, аз қабили «Минбари халқ», «Халқ овози», «Омӯзгор»,   «Ҷавонони Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ»  низ оид ба муҳимтарин мавзӯъҳо, аз қабили пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, саноатикунонии  босуръат, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра маводи сершумор нашр намудаанд.

Май 14, 2020 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
Аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар пиряхи Зарафшон экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида шуд