КУМАКИ ДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН. Ба зарардидагони офати табиии давлати ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 май кумаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол гардид. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Кумаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон расониданд.
Кумаки мазкур аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дар бар мегирад.
Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду давлати бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.
Кумаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






