Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оид ба муноқишаи сарҳадӣ иловатан хабар медиҳад
ДУШАНБЕ, 09.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 майи соли 2020 соати 17:05, шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд. Бо мақсади пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ шаҳрвандони ҶҚ огоҳ карда шуданд, ки минтақаи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад ва бояд онҳо ин минтақаро тарк кунанд. Аммо ҷониби қирғиз беш аз 80 нафар сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати Оксойи ноҳияи Бодкандро ба ин муноқиша ҷалб ва таҳрик намуд. Онҳо ба тарафи сокинони ҷамоати Чоркӯҳ санг партофта, аз силоҳи оташфишон истифода карданд.
Соати 18:10 дақиқа 30 нафар хизматчиёни постгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии «Ботканд» ва 10 корманди ШВКД Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷои ором намудани вазъият, амалҳои иғвогаронаи сокинони қирғизро пуштибонӣ карда, аз автомату пулемётҳои Калашников ба сӯи мардуми осоиштаи Тоҷикистон тир парронданд. Барои муҳофизати худ ва шаҳрвандон, сарҳадбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки оташи ҷавобӣ кушоянд.
Дар натиҷаи тирпарронӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, соли таваллудаш 1983 ва Шарипов Айёмиддин, соли таваллудаш 1971 ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд.
Айни замон, ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ миёни намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон гуфтушунид идома дорад.








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






