Машварати корӣ дар Исфара: Саломатии ҳар шаҳрванд-зери назорати Сарвари давлат

Май 14, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Саломатии ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Сарвари  давлат қарор дошта, барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарурӣ сари вақт андешида шуда истодаанд.

 Ин матлаб дар  машварати корие, ки дар шаҳри Исфара бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раис ва муовинони раиси шаҳри Исфара, роҳбарони сохторҳои қудратӣ,  раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ доир гардид, зикр шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти  Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар машварати корӣ  гуфта шуд, ки дар шаҳру деҳоти Исфара 250 нафар табибони оилавӣ барои пешгирии сироятёбии беморон омода карда шудаанд. Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавӣ  дар ҳолати зарурӣ омода гардидаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводи антисептикӣ барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамоатҳою фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум корҳои ташвиқотиро барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ пурзӯр намуда, гаштугузор, баромадан аз хона  бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гарданд, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ сабаби паҳншавии беморӣ мегардад.

Раиси вилоят барои пурзӯр кардани корҳои безараргардонӣ ва сари вақт бартараф кардани нуқтаи пайдоиши беморӣ таваҷҷуҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Бинобар маълумоти фаврӣ, то ҳол 34 нафар бо нишонаҳои бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ гардида, 14 нафар баъд аз табобат ва беҳтар гаштани вазъи саломатиашон аз беморхона ҷавоб шудаанд. Шабонарӯзи гузашта дар шаҳру деҳоти Исфара ягон муроҷиат бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои табибон 200 адад корҷома, миқдори зарурии ниқоб, маводи антисептикӣ ва доруворӣ, ҳамчунин маводи хӯрокӣ, аз қабили орд, биринҷ, равған ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрас гардид.

Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, сари вақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ барои коркарди меваи зардолу мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Май 14, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон