Нодир Амонов, мудири кафедраи равоншиносии ДМТ: Карантини нарм — бурди равонӣ дар шароити СОVID-19

Май 26, 2020 13:44

ДУШАНБЕ, 26.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Карантини нарм (ҳолате, ки шахс пурра дар хона наистода, имкон дорад, ки ба кор низ равад) дар шароити бемории COVID-19 як воситаи хуб барои муваффақ шудан ба он аст, ки дар рӯҳияи одамон ҳиссиёти манфӣ камтар шуда,  эҳсоси мусбат бештар пайдо гардад, — иброз дошт номзади илмҳои равоншиносӣ, мудири кафедраи  равоншиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Нодир АМОНОВ   дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Худи имконияти ба кори дӯстдошта, аз ҷумла, ба кори хоҷагӣ машғул шудани шахс як қадами хубест барои зиёд шудани ҳиссиёти мусбат», — таъкид менамояд равоншиноси тоҷик.   Ба иттилои  ӯ,  дар натиҷаи карантини нарм одамон ба он мӯътақид мешаванд, ки воқеан вазъияти мамлакат дар шароити бемории COVID-19 он қадар  ваҳим набуда, онҳо имкон доранд озодона ба касбу кори идоравӣ ва корҳои хоҷагӣ машғул шаванд.

Ба андешаи Нодир Амонов, аз ҷиҳати равонӣ нафарони ба касбу кори гуногуни хоҷагидорӣ машғул ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла, бемории сироятии каронавирус камтар гирифтор мешаванд. «Деҳқонон, боғбонҳо, одамони аз пайи гову моли худ дар саҳробударо, ки дунболи зиндагии худ ҳастанд ва ба ояндаи хуби худ боварӣ дошта, хушбин ҳастанд, ҳиссиёти истеликӣ ё ҳиссиёти мусбат фаро гирифта, дар натиҷа иммунитети онҳо баланд мешавад ва ягон навъи беморӣ ё вирус онҳоро  ба замин нишонда  наметавонад», — афзуд номбурда дар идомаи суҳбат.   Мавсуф изҳор медорад, ки доштани ҳиссиёти мусбат ва иммунитети баланд имкон медиҳад, ки шахсони ба бемории сироятӣ гирифторшуда ба неруи баланди равонӣ ва қувваи устувори бадан  соҳиб шуда, ин бемориро сабук паси сар кунанд.

Нодир Амонов аз нигоҳи илми равоншиносӣ карантини қатъиро, ки одамонро аз рафтан ба ҷойи кор манъ мекунад, як воситаи манфии таъсиррасон ба вазъи равонии шахс ном мебарад. «Худи дар хона нишастану имконияти ба берун баромадан надоштан бозгӯи он аст, ки мо озодиро аз даст додаем. Ин ҳодиса моро маҷбур мекунад, ки дар мо ҳиссиёти тарсу ҳарос ва воҳимаву изтироб пайдо шавад», — таъкид менамояд номзади илмҳои равоншиносӣ.

Ба андешаи мудири кафедраи психологияи ДМТ, аҳамияти карантини нарм дар он  аст, ки  имкон медиҳад  одамон ҳамдигарро бубинанд, бо ҳам суҳбат кунанд, тавре мегӯянд «дилашонро холӣ»  ва   эҳсоси хушҳолиашонро ба ҳамдигар баён  намоянд. «Дар натиҷа ҳолати равонии шахс хубтар шуда, хиссиёти мусбат ӯро бештар фаро мегирад ва неруи бадан аз ҷиҳати равонӣ зиёд мешавад», — меафзояд номбурда.

Номзади илмҳои равоншиносӣ Нодир Амонов инчунин изҳор медорад, ки дар хонаҳое, ки кӯдак зиёд асту зану шавҳар якҷо дуру дароз дар хона мешинанд, ин боз метавонад таъсири манфӣ дошта бошад. «Одатан мардҳо аз рӯйи табиаташон бояд ба кӯча баромада, аз пайи касбу кор ва дарёфти ризқу рӯзӣ барои зиндагӣ шаванд ва манфиат ба даст биёранд. Занҳо дар хона мемонанду он чизеро, ки мард ба хона меорад, аз он ҳар гуна хӯрок омода мекунанд ва метавонанд зиндагии хубе дошта бошанд», — изҳор медорад Нодир  Амонов.

«Агар тарафҳои равонии карантини қатъиро таҳлил кунем, дар хона нишастани одам он қадар  манфиат  надорад. Хубтар мешуд, агар мард аз пайи фаъолият дар берун бошаду зан ҳамроҳи фарзандон дар хона ва зиндагиро пеш барад», — тавсия медиҳад равоншинос Нодир Амонов. Ба андешаи мавсуф, вақте  зану мард дар хона мешинанд, як реҷаи ҳаётие вайрон мешавад, зеро занҳо одатан дӯст намедоранд, ки мардҳо аз субҳ то шом дар хона бимонанду чизе ба хона наоранд. Ин сабаби он мегардад, ки баъзан  байни онҳо муноқишаҳо низ ба вуҷуд оянд.

«Вақте зан дар хона асту мард дар берун аз пайи касбу кор, пас зан сарвари хона аст. Аммо вақте баръакс, мард дар хона асту сарвариро мехоҳад, барои сарвари хона будан байни зану мард мубориза мешавад ва ин метавонад муносибатҳои байнишахсии онҳоро вайрон карда, баъзан ба пошхӯрии оилаҳо низ оварда расонад», — таъкид намуд номзади илмҳои равоншиносӣ Нодир Амонов.

Равоншиноси тоҷик иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ба роҳ мондани карантини нарм дар шароити бемории коронавируси навъи COVID-19 муҳим ва саривақтӣ номида, изҳор медорад, ки чунин шакли карантин низ як воситаи пешгирии таъсири равонии коронавирус ба одамон мебошад.

 

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Май 26, 2020 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад