ПАЙРАВӢ БА ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вакили Маҷлиси намояндагон ба беморхонаи сироятии шаҳри Ҳисор кӯмак намуд

Май 12, 2020 16:03

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди расонидани кумаки пулию молиявӣ ҷиҳати пешгирии бемории каронавирус ва табобати мубталоёни ин беморӣ дар шаҳри Ҳисор низ ҷонибдории ҳаматараа ёфта, кумаку хайрҳои шахсони саховатпеша пайваста ба назар мерасанд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураё Уроқова ба табибону кормандони Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Ҳисор  маводи хӯрокӣ- орд, равған, биринҷ, макарон кумак намуд. Вакили  палатаи поёнии Парлумони мамлакат ҳамзамон  бо табибон, хешону пайвандони беморон суҳбат намуда, ба онҳо риоя кардани талаботи тарзи ҳаёти солимро фаҳмонид. Ҳамзамон аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, ҳамагонро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъию мубориза бо ин беморӣ даъват намуд.

Инчунин корҳои хайру савоби анҷомдодаи инсонҳои хайрхоҳ  дар шаҳри Ҳисор  Нурмуҳаммад Аҳмадзода,  директори ҶДММ «Қоғази Шарора» Фарҳодҷон Шаробов, директори бозори «Самоҳ»  Мақсуд Солиев, Фотеҳҷон Ашӯров — соҳибкоре, ки ба Беморхонаи марказии шаҳр як дастгоҳи таъминкунандаи нафаси сунъӣ дастрас намудааст ва даҳҳо нафарони дигаре, ки дар роҳи наҷоти миллат аз ин бемории сироятӣ корҳои хайру савоб анҷом дода, зикри номашонро ҷоиз намедонанд, шоистаи таҳсин мебошанд.

Дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону мардуми камбизоат дар ин рӯзҳои душвор,  табобати беморони сироятёфта ба як самти муҳими сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон табдил ёфтааст ва дар партави ин сиёсат дар шаҳри Ҳисор низ пайваста амалҳои нек анҷом меёбанд.Сокинони шаҳр  минбаъд низ азми онро доранд, ки бо анҷом додани корҳои хайру савоб  дар рафъи ин бемории сирояткунанда саҳм гузоранд.

Май 12, 2020 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ