Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхиси тиббии «Дурахш»-ро дар шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор доданд

Май 28, 2020 18:18

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази ташхиси тиббии “Дурахш”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бо тарҳи хеле зебо бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст.

Маркази ташхиси тиббӣ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмати тиббӣ расонад.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахасисони маҳҳалӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.

Дар ошёнаи якуми маркази ташхиси тиббӣ гӯшаи гиёҳдармонӣ таъсис дода шудааст, ки истифодаи самарабашх аз гулу гиёҳҳои шифобахши диёр бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки ба аҳолӣ намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ расонида шавад.

Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд.

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

Дар маркази ташхиси тиббии навбунёд ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

Зимни шиносоӣ аз шароити иншооти тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Бохтар изҳори сипос намуданд.

Акнун аҳолии шаҳри Бохтар ва сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бидуни харҷи зиёдатӣ ва масофаи кӯтоҳи роҳ имкон доранд, аз хизматрасонии босифати ташхисию таботабии ин муассисаи тандурустии тозабунёд бархурдор шаванд.

Ифтитоҳи Маркази ташхиси тиббии “Дурахш” дар шаҳри Бохтар 28.05.2020

Май 28, 2020 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон