Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бевосита бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии чанде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шинос шуд

Май 12, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта,  11 май, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вазир Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони ӯ  бевосита бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои Ёвону Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Турсунзодаву Душанбе шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сардори маркази матбуоти вазорати мазкур Бибихонум Дарвешзода.

Ба иттилои мавсуф, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ баҳри пешгирӣ ва табобати бемории коронавирус чораҳои мухталиф роҳандозӣ намудааст. Аз ҷумла, ситоде, ки дар назди вазорат таъсис дода шудааст, ҳамарӯза вазъи бистарикунонии беморон, таъминоти духтурон бо либосҳои ҳифозатӣ ва беморон бо доруворӣ, ба танзим даровардани нархи доруворӣ, ҷараёни муолиҷаи беморон, махсусан беморони вазнин ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

«Вазир Ҷамолиддин Абдуллозода шахсан худ ба беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ ташриф оварда, ҷараёни корҳоро мушоҳида ва назорат менамояд ва баҳри бартараф кардани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд, гуфт ӯ ва тазаккур дод, ки 9 май Абдуллозода ба як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла минтақаи Кӯлоб сафар карда, аз беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ дидан намуд».

Тавре Бибихонум Дарвешзода мегӯяд, шаби гузашта, яъне 11 май вазир Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Ёвон, муовини якуми ӯ Саида Умарзода дар ноҳияи Рӯдакӣ, муовин Шодихон Ҷамшед дар шаҳри Турсунзода ва чанде аз роҳбарони раёсатҳои вазорат дар шаҳри Душанбе қарор дошта, баҳри андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта бо вазъи воқеии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо шинос шуданд.

«Зимни шиносоӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо раиси ноҳияи Ёвон ва сартабиби беморхонаи марказии нохия мулоқот намуда, оид ба ҳолати омодабошӣ ва пешгирии бемории сироятии COVID-19 тавсияҳо дод»,- илова намуд ӯ.

Номбурда ҳамчунин ёдрас менамояд, ки тайи чанд рӯзи охир муовинони дигари Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода дар вилояти Суғд ва Мирҳамуддин Камолзода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.

«Ҳадафи сафарҳои масъулони вазорат аз наздик шинос шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, сари вақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва сари  вақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошад», — таъкид намуд сардори маркази матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи ӯ, ин гуна сафарҳо рӯзҳои наздик ба минтақаи Рашт низ дар назар буда, аз ҷараёни онҳо иттилои иловагӣ дода мешавад.

Рӯзҳои наздик сомонаи махсуси вазорат оид ба пешгирии коронавирус ба кор оғоз намуда, дар сомонаи moh.tj бахши муроҷиат ба Вазири тандурустӣ боз карда шудааст.

 АКСҲО аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 12, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»