«РУХИ ҶОНОНА». Ноҳияи Ашт ба содироти зардолу омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Содироти намудҳои зардолуи пешпазаки «Шалах», «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷонона» рӯзҳои наздик оғоз гардида, барои содироти он 120 ҳазор дона қуттӣ омода шудааст. Меваи тару тозаи зардолу асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Сардори идораи кишоварзии ноҳияи Ашт Рафторҷон Муҳаммадиев иттилоъ дод, ки ноҳияи мазкур дорои беш аз 16 ҳазор боғи зардолу буда, аз ин 8900 гектарашро дарахтони зардолуи ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.
Пас аз чанд рӯзи дигар боғдорони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосили нав шурӯъ хоҳанд кард. Ҳоло беш аз 14 ҳазор хоҷагии инфиродиву деҳқонӣ ба нигоҳубин ва беталаф ҷамъоварӣ намудани он машғуланд. Боғоти зардолузорро асосан дарахтони навъҳои пешпазаки «Шалах», «Арзанаки калон» ва «Рухи ҷонона», инчунин навъҳои зардолуи муқаррарӣ, ба монанди «мирсанҷалӣ», «исфарак» ва «бобоӣ», ки ҳосили фаровон доранд, ташкил медиҳанд.
«Барои беталаф ҷамъоварӣ намудани зардолуи пешпазак аз имрӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз намудем. Барои бештар намудани содироти зардолу ва гелос дар ноҳия ҶСК ОАО «Зардолу — Компания» фаъолият намуда истодааст, ки алҳол барои содироти 1000 тонна зардолу 120 қуттии ба талабот ҷавобгӯй омода намудааст”, — иброз намуд Рафторҷон Муҳаммадиев.
Соли гузашта боғдорони ноҳия қариб 20 ҳазор тонна зардолу истеҳсол намудаанд, ки аз ин беш аз 3 ҳазор тоннаашро соҳибкорони маҳаллӣ ба Россия содирот намуда буданд.
Боғдорон имсол низ азм доранд истеҳсоли 20 ҳазор тонна зардолуро ба роҳ монда, сараввал бозорҳои дохилии мамлакатро бо маҳсулоти худӣ таъмин ва сипас боқимондаашро ба кишварҳои хориҷӣ содирот намоянд.
Дар ноҳия барои бунёди боғоти нав диққати махсус зоҳир мегардад ва барои истеҳсоли зардолуҳои хушсифат шароити мусоид фароҳам гардидааст.








Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






