САДОҚАТ БА САВГАНДИ ҲИППОКРАТ. Ва ё боз андар ситоиши фидокориҳои табибони тоҷик, ки дар саҳифаҳои китоби таърих бо ҳарфҳои зарин мусаббат хоҳанд гашт

Май 20, 2020 11:01

ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Ба ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям.

Он чи дар аснои мушоҳидаҳо ва муоинаҳо аз бемор ва атрофиёни вай мебинам ё мешунавам ва ё бароям кашф мешавад, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард.

Агар тамоми ин Савгандномаро татбиқ кунам ва аз самараҳои (неъматҳои) зиндагӣ аз касби худ бархурдор шавам, ҳамеша байни мардумон ифтихорманд ва сарбаланд бошам. Вале агар онро хилоф кунам ва аз рӯи ин Савганднома амал накунам, аз неъматҳои зиндагӣ, ҳирфа ва ихтисоси худ баҳра набарам ва байни мардумон сарафканда ва шармсор бошам»…

Ин пораест аз як Савганднома, ки  дар таърихи тиб бо номи “Савгандномаи Ҳиппократ” машҳур аст. Савганднома тақрибан 500 сол пеш аз мелод дар асри Буқрот (Ҳиппократ) ва мактаби вай навишта шудааст.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки ҳар риштае аз илму дониш ва касбу ҳунар саргузашти хоси худро дорад. Масалан, адабиёт таърихан ин вазифаро доштааст, ки мардумро барои дифои Ватан барангезад ва шуҷоати онҳоро боло барад, то ин ки ба муқобили душман истодагарӣ карда тавонанд. Ҳар як байти «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ чун шиорест дар роҳи мубориза бар зидди душманони миллат ва давлати мо. Ба ин муносибат метавон афзуд, ки илми тиб низ дар ибтидои пайдоиши худ барои беҳбуди ҷисмӣ ва рӯҳии қавму миллатҳои ҷаҳон созмон дода шудааст. Ба сабаби он, ки илми тиб дар саҳнаи зиндагӣ аз ҳама муҳимтар ва густурдатар буд, барои татбиқи он қонуну қоидаҳои бисёр ҷиддӣ муайян гардида буданд.

Кишвари Юнон дар таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз марказҳои муҳими илмӣ ва фарҳангӣ ба шумор мерафт ва аксарияти илмҳо дар ин кишвар рушду нумуъ кардаанд. Яке аз он илмҳо илми тиб буд. Табиб ва файласуфи машҳури юнонӣ Ҳиппократ (460-370 қабл аз мелод) барои ба танзим даровардани қонуну қоидаҳои ин илм Савгандномае тартиб дод, ки мебоист табибони Юнон аз рӯи он бо беморон муомила кунанд. Ин Савганднома дар таърихи тиб бо номи “Савгандномаи Ҳиппократ” машҳур аст.

Бо тағйири андак дар қисмати оғози он Савгандномаро ин ҷо  мисол меорем:

  1. “Ба он чи ки ақида дорам, савганд (қасам) ёд мекунам ва Худоро шоҳид ва гувоҳ мегирам, ки ба ин савганд ва масъулиятҳои марбути он бо тамоми қудрат ва тавоноӣ, ки дар ниҳоди илму дониши хеш суроғ дорам, амал менамоям.
  2. Ба уҳдаи хеш мегирам, ки устодони худро ки маро дар ёд додани ин маслак (ихтисос) кумак ва роҳнамоӣ кардаанд, монанди волидайни худ дониста ва дар сурати лузум аз дороии хеш (молу сарват) дар ҳаққашон дареғ намекунам ва назар ба хоҳишашон эҳтиёҷоташонро бартараф намуда, писарони онҳоро монанди бародарони худ медонам. Ва дар сурате, ки хоста бошанд, ки илми тибро фаро гиранд, бидуни гирифтани ҳаққуззаҳмат (музди кор) ин касби шарифро ба онҳо меомӯзонам.
  3. Таълимот ва дастуроти тиббӣ ва дарсҳои назарӣ ва тамоми маълумоти заруриро танҳо ба писаронам, писарони устодони худ ва дигар писароне, ки шартҳо ва қонунҳои табобатро бипазиранд, тадрис хоҳам кард ва омӯзиш хоҳам дод. Дар ғайри он, ба ҳеҷ каси дигар ин ҳирфаро (ихтисосро) нахоҳам ёд дод.
  4. Парҳези ғизоиро (хӯрокиҳоро) назар ба зарурати беморон мутобиқи дониш ва илми хеш муайян менамоям ва агар зараре дошта бошанд, фавран аз он ҷилавгирӣ хоҳам кард.
  5. Назар ба хоҳиши афрод ё ба иродаи худам ҳеҷ гоҳ доруҳоеро, ки ба ҳаёти инсон таҳдид кунанд, нахоҳам дод.
  6. Ҳеҷ гоҳ муртакиби сақти ҷанин нахоҳам шуд ва абадан барои ин мақсад ба касе машварат нахоҳам кард.
  7. Бо осоиши хотир ва виҷдони пок дар иҷрои касб ва ихтисоси хеш машғул буда ва ба Худованд савганд ёд мекунам, ки амалиёт ва табобатҳои сангинро худсарона накарда, ба аҳли фан вогузор менамоям.
  8. Ба ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, яъне корҳои ноҳинҷори ҷинсӣ бо занон ва мардон, ки хоҳ ғулом бошанд ва ё озод, ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям.
  9. Он чи дар аснои (вақти) мушоҳидаҳо ва муоинаҳо (ташхисҳо) аз бемор ва атрофиёни вай мебинам ва ё мешунавам ва ё бароям кашф мешавад, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард.
  10. Агар тамоми ин Савгандномаро татбиқ кунам ва аз самараҳои (неъматҳои) зиндагӣ аз ҳирфаи (касби) худ бархурдор шавам, ҳамеша байни мардумон ифтихорманд ва сарбаланд бошам. Вале агар онро хилоф кунам ва аз рӯи ин Савганднома амал накунам, аз неъматҳои зиндагӣ, ҳирфа ва ихтисоси худ баҳра набарам ва байни мардумон сарафканда ва шармсор бошам”…

Зимни ин хатаре, ки бо номи коронавирус дар ин чанд моҳи охир ба сари қавму миллатҳои ҷаҳон омад, ҳамаи табибони ҷаҳон,  аз ҷумла  табибони тоҷик бо ҳисси масъулияти бузург аз ин “Савгандномаи Ҳиппократ” ба таври ҳамаҷониба истифода намуда, ба он содиқ монданд. Бо вуҷуди он ки ин беморӣ, яъне коронавирус аввал дар Чин аз вуҷуди худ дарак дода буд, он бисёре аз давлатҳои дигарро ғофилгир кард. Дар боби ҷузъиёти ин мубориза метавон гуфт, ки одамон барои муқобилият бо ин беморӣ омодагии зарурӣ надоштанд. Ба ин маъно, ки аксар намедонистанд, ки давои ин беморӣ чист ва решаҳои ангезандаи ин беморӣ аз чӣ иборатанд,  барои пешгирӣ кардани он дидани чӣ чораҳои мушаххасе зарурат дорад. Бо вуҷуди ин мо шоҳиди он гардидем, ки табибони тоҷик, ба  қавли маъруф, “бо дасти урён дар муқобили шамшери аҷал саф оростанд”. Яъне омодаи муқовимат ва мубориза шуданд. Ҳоло ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ҳамзамон ин мубориза давом дорад. Аз пойтахт шурӯъ шуда, то ҳама ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҳама василаҳои дастрас ба муқобили ин вабои аср муборизаи беамон бурда мешавад. Аллакай гуфтан метавон, ки дар бисёре аз самтҳои ин мубориза табибони тоҷик ба комёбиҳои назаррасе ноил гардидаанд.

Рӯзе фаро хоҳад расид, ки Тоҷикистони офтобии мо чун ҳамеша дар фазои софу беғубори беҳдошти умумӣ зиндагии солимро давом хоҳад дод. Ин мушкилот паси сар хоҳанд шуд. Ва он чи дар таърихи ибтидои асри 20-и тоҷик (2019-2020) боқӣ мемонад, корнамоӣ ва фидокориҳои табибони халқи тоҷик хоҳад буд. Ин корнамоии онҳо далел ва гувоҳи ватандӯстӣ, миллатпарастӣ ва инсонмеҳварии онҳо буд ва ҳаст.

Мо, шаҳрвандони одӣ, ки дорои касбу кори дигар ҳастем, шоҳиди бевоситаи фидокориҳои табибони худем. Ва ин ҷаҳду талошҳо аз ҷониби табибони тоҷик барои сиҳатии мардумони мамлакат ҳоло ба сӯи баландтарин қуллаи мубориза-яъне ғалаба бар ин беморӣ  идома дорад. Бо мушоҳидаи табобати беморони вазнин аз ҷониби чунин табибони далеру ҷасур вуҷуди моро ҳисси ифтихор фаро мегирад ва мо худро шоҳиди бевоситаи ин қаҳрамониҳои воқеӣ эҳсос мекунем.

 

Дидавар БЕКЗОДА,
муҳаққиқ

Май 20, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
Президенти Тоҷикистон: «Ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд»
ТАНБАШАВИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲҲО. Шарҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус
ПРЕЗИДЕНТ ВА КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМИ МИЛЛӢ. Баъзе мулоҳизаҳо оид ба аҳамияти таърихию сиёсии қабул ва татбиқи Конститутсия
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи хеле муҳим аст»
Президенти Тоҷикистон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Саҳми забони тоҷикӣ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ муҳим мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид мегардад