Саидмукаррам Абдуқодирзода: «Дуо мағзи ибодат аст. Аз ин рӯ дуо мекунем, ки Худованд ин балову офатро аз сари мо бардорад»

Май 12, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ», ки қароргоҳаш дар Амороти Муттаҳидаи Араб воқеъ аст, аз тамоми мардуми ҷаҳон даъват ба амал овард, ки рӯзи панҷшанбе, 14 май тибқи оини дин, мазҳаб ва таълимоти худ даст ба дуо бардоранд, аз Худованд илтиҷо намоянд, ки   COVID-19-ро  бартараф созад, инсониятро аз ранҷу азобҳои имрӯза наҷот диҳад ва ба олимон кумак кунад, то табобати онро пайдо намоянд ва дунёро аз оқибатҳои тиббӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии пандемияи коронавирус наҷот диҳанд.

Вобаста ба ин хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳамсуҳбат гардид. Мавсуф оид ба ин даъват зикр намуд, ки ҳар инсон- хоҳ  пир бошад, хоҳ ҷавон, мард ё зан, вақте даст бардошта, ба Парвардигораш муноҷот, наҷвову дуо мегӯяд, як қувваи маънавие дар ботинаш ба вуҷуд меояд, ки ман кореро анҷом додам, бо Парвардигорам розу ниёз гуфтам ва Парвардигори ман ҳозир ба ҳама кор ҳаст.

«Барои ҳамин мегӯянд, ки агар Худо нигоҳ бидорад, ҳеҷ бало нест. Агар Худо нигоҳ надорад, ҳеҷ даво нест.  Имрӯзҳо бояд хусусан солхӯрдаҳои мо дар мамлакати азизамон, чӣ марду чӣ зан ҳамеша даст ба дуо ба сӯи Парвардигор бардоранд. Хусусан дар ин моҳи мубораки Рамазон, ки моҳи иҷобати дуо, моҳи покшавӣ аз гуноҳ ва  даҳаи мағфират аст, бояд ин фурсатро ғанимат бидонем. Ҳамон лаҳзае, ки эълон карданд, ҳатман  мо ба умеди Парвардигор бо як қалбҳои ғамгин, ки хеле дар як вазъияти ногувор қарор дорем, бо қалбҳои ботавозуъ ва мутазарриъона, бо зораву гиря ба Парвардигор даст бардорем, то ки ин офатро  аз сари мо бардорад», — мегӯяд муфтӣ.

Ба зикри Саидмукаррам Абдуқодирзода,  «ҳамаи ин пастиву баландиҳои зиндагӣ ба хотири имтиҳон гирифтани бандагон аст. Мо бояд ҳамчун мусалмони боимону боақида, ҳамчун миллати бофарҳангу бомаърифат барои оромиву ободӣ, пешравии давлату миллати худ ва барои саодати миллат ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, бояд дар ин ҳолат анҷом дода, ҳеҷ чизро дареғ надорем ва ҳаргиз ноумед низ набошем.

Тавре ки мегӯянд, «ноумед шайтон аст». Ба сӯи Парвардигор дасти умед боло кунем, зеро Худованд ҳеҷ умедвореро ноумед намекунад. Аз ин рӯ ин иқдоми пешгирифтаи Комиссияи олии «Бародарии инсонӣ» хеле хуб аст ва мо онро пурра дастгирӣ намуда, ҳама ходимони динро аз ин огоҳ мекунем  ва дар вақти муайян мо ин корҳоро ба хотири Парвардигор анҷом медиҳем ва Парвардигор низ ҳозиру тавоноии мутлақи доимоабад аст».

Модоме, ки ин даъват барои дуо, барои бартараф шудани ин балову вабо, офату зарару хатар шудааст, мо ҳама мардуми мусалмон, хусусан ходимони дин инро бо ҷону дил қабул дорем ва ҳар кадоме дар муҳити худ бо шароиту имконияти худ, бо дарназардошти вазъияти худ ҳатмӣ дар он шарик шуда, дуо мекунем. То Худованд ин зарару балоро аз сари инсоният бардорад. Тавре ҳакиме гуфтааст: «Дуо балоҳоро бартараф мекунад». Пайғамбар (а.с) мегӯяд, ки «ин дуо мағзи ибодат аст ва ин дуо бартарафкунандаи тамоми офату зиёну зарар аст».

Май 12, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд