Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд оид ба маблағгузорӣ барои рушд дар давраи COVID-19 иштирок ва суханронӣ намуд

Май 29, 2020 09:04

ДУШАНБЕ, 29.05.2020/АМИТ «Ховар»/. 28 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  машварати  сатҳи баланди виртуалӣ таҳти унвони «Маблағгузорӣ барои рушд дар даврони COVID-19 ва марҳалаҳои минбаъда» ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо ва Сарвазири Ҷамайка Эндрю Холнесс доир карда  шуд.

Дар машварат ҳайатҳои намояндагии давлатҳои узви СММ, аз ҷумла роҳбарон ва сарвазирони Тоҷикистон, Олмон, Франсия, ҶАҶ, Япония, Италия, Британияи Кабир, Покистон , Қирғизистон, Беларус, Арабистони Саудӣ ва ғайра, инчунин роҳбарони Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Бонки ҷаҳонӣ  ва дигар институтҳои молиявии ҷаҳон ширкат  варзиданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш дар машварат оид ба иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19 ва паёмадҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба кишвар изҳори назар кард.

Машварат дар се бахш гузаронида шуд. Дар Бахши аввал роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо оид ба омодагии худ  дар роҳи мусоидат ба ҳалли масоили глобалӣ ҷиҳати мубориза бо буҳрони иқтисодӣ ва оқибатҳои он барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ изҳори назар намуданд. Дар Бахши дуюм  роҳбарони сохмонҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Бахши сеюм низ бо иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо сурат гирифт ва  ба  андешидани тадбирҳои зарурӣ  рабт дошт.

Дар машварати виртуалии видеоии сатҳи баланд қарору тасмимҳои вобаста  ба вазъи фавақулодаи бар асари пандемияи COVID-19 баамаломада ва рафъи оқибатҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Май 29, 2020 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид