Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони СУТ ва роҳбари дафтари СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Май 5, 2020 08:37

ДУШАНБЕ, 05.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва роҳбари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.    

Таъкид карда шуд, ки аз оғози хуруҷи бемории сироятии коронавируси нав Ковид-19 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ бо ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориро тақвият мебахшад. Мутаасифона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ гирифторони ин вирус ба қайд гирифта шуда, шумораашон дар ҳоли афзоиш ёфтан аст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳу усулҳоеро, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ пешниҳод менамоянд, зарур дониста, таъкид намуданд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавируси Ковид-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконият истифода бурда хоҳад шуд.

Ҳамчунин дар мулоқот роҳбари Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-Ковид-19, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода даъват ба амал овард, ки намояндаи Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалб намудани кумаки амалии беруна аз ҷониби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҷаҳон мусоидат намоянд.

Май 5, 2020 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон