«СИПОС БА ТАБИБОН!». Чунин нидо карданд маризоне, ки баъди шифо ёфтан аз бемории коронавирус ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд
ДУШАНБЕ, 10.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз аз чаҳор беморхонаи калонтарини пойтахт – Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология ва Маркази тиббии «Шифобахш» гурӯҳи калони беморон ба хонаҳояшон ҷавод дода шуданд.
Тавре шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» хабар дод, шахсони зикршуда, ки аз вируси COVID-19 сироят ёфта, ҳар кадом 10 рӯз ва аз он бештар зери табобати духтурон қарор доштанд, пурра сиҳат шуда, ба назди аҳли байташон баргаштанд.
Беморони шифоёфтаро табибони ҳозиқи шифохонаҳо бо кафкӯбӣ ва эҳсоси хушнудӣ гусел намуданд. Дар байни беморони сиҳатёфта, ки бо чеҳраи кушод ва дилҳои аз фараҳ лабрез ба табибон арзи сипос намуданд, оҳангсози Тоҷикистон Фарҳод Зикиров, равоншинос Маҳмуд Кабиров, шаҳрвандон Ёрмаҳмад Қурбонов, Ҷамшед Ҷобиров ва дигарон низ буданд.
«Чанд рӯз қабл беш аз 100 нафар беморон аз шифохонаи мо ҷавоб шуда будванд, — гуфт корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи пойтахт Меҳроҷ Хуҷамуродов. – Ҳоло рӯзи сеюм аст, ки гуруҳи дуюм табобат мегиранд. Аз наздикони беморон хоҳиш менамоем. Ки ба кори мо халао нарасонанд, монанд мо вазифаи худро иҷро кунем. Ҳамааш нағз мешавад».
Хотиррасон менамоем, ки ин ҳафта гурӯҳи беморони аз коронавирус сироятёфта, сиҳат шуда, аз беморхонаҳои марказии шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ низ ҷавоб шуданд.
ДАР АКС: табибони Маркази тиббии №1-и шаҳри Душанбе ҳангоми гусели беморони шифоёфта. Акс-скриншот аз навори ТВ «Тоҷикистон».









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






