ТАБИБОНРО ҲАБИБИ ХЕШ ДОНЕМ! Суханони Пешвои миллат – «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», ба табибон ва кулли мардум рӯҳу илҳоми тоза бахшид
ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ниёгони мо аз қадимулайём ба табибон арҷгузорӣ карда, онҳоро аз ҷумлаи ашхоси соҳибнуфузи ҷомеа эътироф намудаанд. Вожаи «табиби ман – ҳабиби ман» низ «ихтироъ»-и нав набуда, рӯйи кор омаданаш манша аз ихлосу самимият гирифтааст. Дар таълимоти дини мубини ислом низ пизишкон мавриди эҳтиром қарор дошта, «фариштагони саломатӣ» арзёбӣ гаштаанд.
Аз таълифоти исломӣ бармеояд, ки замони бемор гардидани инсон Худованд кароматашро баҳри шифо ёфтани ӯ тавассути табибон амалӣ намуда, ба ин восита барои ризқу рӯзӣ пайдо намудани онҳо шароит фароҳам меорад.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки дар мамлакати мо низ бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар заминаи таваҷҷуҳу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахши муҳим пешравиҳои назаррас рӯйи кор омада истодаанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони давлати абарқудрати шӯравӣ дастрас намуданашон барои мо, тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти мамлакат ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфт.
Тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат гуфтанд, “соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Давоми ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шуданд”.
Муҳим он аст, ки буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба соли 2013 2,4 баробар зиёд мебошад.
Барои мисол, соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.
Мутаассифона, дар ин марҳилаи ҳассос – паҳншавии бемории коронавирус як идда тибқи “анъана”, бо сарфи назар намудани дастовардҳо ва нашри матолиби аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дур далелу рақамҳоро таҳриф намуда, ибтикороти амалишуда ва фаъолияти табибонро зери суол бурданианд.
Дар ин марҳила, ба қавле ҳама табиб шудаанд. Ба беморон “маслиҳат” ва ба Ҳукумат “тавсия” медиҳанд. Ҳол он ки аз махсусият ва нозукиҳои соҳа бӯй набурдаву машвараташон “тавсия”-и табиби бемурувват ва “пешгӯйӣ-ҳояшон фолбинии лӯлиҳоро ба ёд меоранд.
Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки «дар ҷомеаи мо ҳастанд афроде, ки ҳамарӯза бо роҳнамоии шайтон аз китфи чап бо ниятҳои муғризона аз хоб мехезанд. Ва он ният ин аст, ки имрӯз ҳам аз иғвохалтаю дасисатурбаи худ порае ба атроф партоб кунанду бозори ҳангоматалабонро гарм созанд. Агар шуду дасисаю иғвои навбатӣ ба ҳадаф расид, ин зумра ҳамон рӯзро бо табъи болида паси сар мекунанд ва агар не, рӯзашон сиёҳу шомашон торик, авқоташон талху шабашон ҳаром мегардад.
Боиси таассуф аст, ки як идда, хосса истифодабарандагони сигменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ба чунин бемории табобатнашаванда гирифтор шудаву аз иғвохалтаю дасисатурбаи хеш мунтазам сафсатапароканӣ ва ашхоси аз воқеият то андозае ноогоҳро ваҳшатзада мекунанд.
Таваҷҷуҳбарангез будани сироятёбӣ ба коронавирус ва бетаваҷҷуҳиву бетафовутӣ ба шифоёбии беморон низ боиси нигаронӣ аст. Аз он нигаронам, ки ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо нафар фавти одамонро аз ин беморӣ расонаӣ карда, боқимонда дар паҳни ин “хушхабар” саҳиманд.
Мутааассифона, ҳамрадиф бо чунин иттилоъ ба шифоёбии ашхоси бемор на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ақсои олам таваҷҷуҳ зоҳир намегардаду аксарият оид ба ин масъала “ба даҳон об гирифтаанд”.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки яке аз талаботи иттилоърасонӣ риояи тавозун аст. Чунин амал баробари таҳлуказада кардани шаҳрвандон, дар зеҳни онҳо андешаеро шакл медиҳад, ки коронавирус табобатнашаванда аст. Ҳол он ки чунин нест…
Ба сифати журналист ва хатмкардаи бахши магистратураи Донишгоҳии давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ибрози андешаҳоямро дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар робита ба масъалаи мавриди назар бамаврид медонам.
Президенти мамлакат бо арҷгузорӣ ба фаъолияти табибон, минҷумла гуфтанд, ки “имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд”.
Ин эътирофу арҷгузорӣ идомаи мантиқии ибтикори ҷавонмардонаи Пешвои муаззами миллат маҳсуб мешавад. Ба шарофати корҳои амалишуда дар ин марҳила низ обрӯву эътибори Сардори давлат беш аз пеш тамоюли афзоиш касб намуда, эътимоди аҳолӣ фузун гардид. Президенти ҷумҳурӣ бо суханони таъсирбахш ва рафтори намунавӣ, хосса бо ибрози он ки “Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост”, табибон ва кулли тоҷику тоҷикистониёнро рӯҳбаланд карданд. Шубҳае нест, ки татбиқи дастуру супоришҳои Президент вазъиятро дар ин самт хеле беҳбуд хоҳад бахшид.
Шоҳид ҳастем, ки бо дастури Сарвари давлат табибони мамлакат аз ҳама лиҳоз дастгирӣ ёфта, соҳибкорон ва дигар ашхоси саховатманд низ ба ин иқдом ҳамовозӣ карданд. Мутмаинем, ки ин раванд муттасил хоҳад буд…
Дар ҳамин ҳол ашхоси “аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ” дар заминаи “бо домани тунук пӯшонидани офтоб” тасмими “обро лой карда, моҳӣ гирифтан” доранд. Хуб дар хотир дорем, ки пештар, қабл аз зуҳури бемории коронавирус баъзе “аллома”-ҳо ба “муқоиса”- и донишу малакаи хатмкардагони замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ машғул буданд.
Ба андешаи ин “бузургон”, гӯё сатҳи дониши хатмкардагони замони соҳибистиқлолӣ дар муқоиса ба онҳое, ки пештар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намудаанд, нисбатан паст аст. Вале далелу арқоми мавҷуда, ки аз таҳлилҳои амиқу доманадор манша гирифтаанд, бозгӯйи онанд, ки ин андеша билкулл нодуруст аст.
Садҳо мисолҳои радкунандаи ин сафсата мавҷуданд, вале бо овардани чанде аз онҳо иктифо менамоем. Барои мисол, айни замон дар хориҷи мамлакат нафарони зиёде ҳастанд, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм намуда, дар беҳтарин муассисаҳои тандурустӣ фаъолияти пурмаҳсул доранд. Зиёда аз 370 нафар дар вазифаҳои масъул (сардухтур, мудири шуъба, кормандони хурду калони илмӣ ва ғайра) кор карда истодаанд. Бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар муқоиса ба замони шӯравӣ дар шароити кунунӣ хатмкардагони донишгоҳ тавонистанд дар хориҷи мамлакат давлатамонро ба таври бояду шояд муаррифӣ намоянд.
Дар муассисаҳои тандурустии мамлакат низ онҳое, ки донишгоҳро баъд аз соли 1992 хатм кардаанд, ҳамчун ворисони арзандаи Сино фаъолияти назаррас ва шоистаи таҳсин доранд. Фаъолияти онҳо дар марҳилаи паҳншавии коронавирус моро ба дурустии ин гуфта муътақид намуд. Мутаассифона, ин ва дигар дастовардҳо ба чашми «ҳамабин»-и «дӯстон»-и мо наменамояд.
Ҷанбаи дигаре, ки мехоҳем ба ин «бузургон» шарҳ диҳам, марҳилаи ба камол расидани хатмкардаи донишгоҳи тиббӣ ҳамчун табиб маҳсуб мешавад. Чунки хатм кардани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маънои онро надорад, ки шахс ба маънои томаш табиб шудааст. Илми тиб ва раванди омодасозии мутахассисони ин бахш аз соҳаҳои дигар ба куллӣ фарқ дошта, вижагиҳои хоси худро дорад.
Масалан, ҷавоне, ки донишгоҳро бо ихтисосҳои дигар, аз ҷумла, иқтисодчӣ, ҳуқуқшинос, геолог ва ғайра хатм менамояд, имкон ва қудрат дорад, ки шурӯъ аз ҳамон замон фаъолияташро вобаста ба ихтисоси омӯхтааш пеш барад.
Вале, барои он ки хатмкардагони донишгоҳ ҳамчун табиби комил фаъолияташонро шурӯъ намоянд, 10-15 сол лозим аст. Ин марҳила замина ва шароит фароҳам меорад, ки мутахассисони ҷавон дониши назариявӣ ва амалиявии хешро, ки дар донишгоҳ омӯхтаанд, такмил дода, бо «кӯлбор»-и ғанӣ ба табобати маризон оғоз намоянд. Биноан, «коршиносон»-ро мебояд зимни «таҳлил» ва «баҳодиҳӣ» ин ҷиҳати масъаларо низ ба назар гиранд. Ин ҷанба хеле муҳим буда, зарур аст ҳангоми баҳодиҳии фаъолияти табибони ҷавон дар мадди назар бошад, то онҳо рӯҳафтода нашаванд.
Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ИМА, бинобар ба хатоӣ роҳ додани табибон зиёда аз 225 000 нафар ва дар Британияи Кабир зиёда аз 40 000 нафар беморон оламро падруд гуфта, дар Федератсияи Россия аз се як ҳиссаи ташхиси табибон носаҳеҳ арзёбӣ мегардад. Дар ҷумҳурии мо ин нишондиҳанда бамаротиб пасттар аст.
Барои мисол, ҳамасола дар мамлакат зиёда 144 000 амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирифта, шумораи фавтидагон 0,2 фоизро ташкил медиҳад. Ҷои зикри алоҳида аст, ки фавтидани беморон дар аксари маврид на ба хатоии табибон, балки бо сабабҳои дигар, аз ҷумла дер ба духтур муроҷиат намудан, бардоштани ҷароҳати бениҳоят вазнин, хунравии зиёд ва ғайра рабт дорад.
Бояд иқрор шавем, ки давоми солҳои охир сатҳу сифати дастрасии аҳолии мамлакат ба хизматрасонии тиббӣ бамаротиб беҳтар гашта, тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз мансубияташон ба ин ё он қишри ҷомеа, имкони бархӯрдорӣ аз онро доранд. Вале дар ИМА, ки муқтадир ва пешрафтатарин давлати олам маҳсуб меёбад, ҳамагӣ аз 30 то 42 фоизи аҳолӣ имкони дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ доранду халос. Дар ин кишвар хизмати тиббӣ танҳо ба шахсоне мунтазам расонида мешавад, ки суғуртаи тиббӣ доранд.
Яъне, онҳое, ки суғуртаи тиббӣ надоранд, танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ба табибон муроҷиат менамоянд. Новобаста аз он ки бемор суғуртаи тиббӣ дорад ё не, баъд аз расонидани хизмати тиббӣ фавран ба ӯ хабарнома барои пардохти маблағ меояд. Дар аксари маврид, бинобар сабабҳои болотар зикргашта, ёрии таъҷилии тиббиро ба беморон сӯхторхомӯшкунон мерасонанд. Шоистаи зикр аст, ки далелҳои овардашуда маҳсули «тахайюлот»-и мо набуда, бардоштҳои яке аз ҷарроҳони машҳури олам, доктори илмҳои тиб П. Шалонов аст, ки солиёни зиёд дар ИМА зиндагиву фаъолият дорад.
Худ қазоват намоед, ки оё дар ҷумҳурии мо ягон ҳодисаи дастрасӣ надоштани бемор ба ёрии таъҷилии тиббӣ ва аз ташхису табобат дар канор мондани беморон ба мушоҳида мерасад?
Зиёд мешунавему мебинем, ки баъзе шаҳрвандон аз харҷ шудани каме маблағ барои табобати худ ва пайвандонашон изҳори «нигаронӣ» намуда, онро тарзе баён менамоянд, ки гӯё ин маблағҳо ба «боди фано» рафта бошанд.
Вале дар ҳамин ҳол, чунин ашхос аз хароҷоти ғайримақсадноки зиёде, ки эшон ҳамарӯза онро бо майлу хоҳиши худашон ба хотири кайфу сафои чандлаҳзаина амалӣ менамоянд, “муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд”.
Эътироф бояд кард, ки солҳои охир раванди ба хориҷи мамлакат барои кор рафтани мутахассисони соҳаи тиб тамоюли афзоиш касб намуд. Бинобар ин, дар доираи барномаи давлатӣ баргардонидани ин мутахассисон ба манфиати кор хоҳад буд. Зеро таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки баргардонидани онҳо дар муқоиса ба омодасозии мутахассисони нав осонтару арзонтар хоҳад буд.
Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки ҳоло вазъият нисбатан ҳассос аст. Биноан аз кулли онҳое, ки дар фазои иттилоотии мамлакат ҷойгоҳ доранду шахсияту суханашон қобили пазириш аст, даъват менамоям, ки барои парвариши донаи умед дар қалби мардум ҷаҳд намоянд, на баръакс. Зеро нияти нек ними давлат аст…
Далер МЕРГАНОВ,
муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»,
хатмкардаи бахши магистратураи ДДТТ
ба номи Абӯалӣ ибни Сино