ТАРҶЕҲ БА ИСТЕҲСОЛОТИ ВАТАНӢ! Корхонаҳои Тоҷикистон даҳҳо тонна собун, хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол намуданд
ДУШАНБЕ, 18.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои итсеҳсолии Тоҷикистон вобаста ба вазъи баамаломадаи пандемияи COVID-19 беш аз 200 ҳазор кг моеъҳои шӯянда, 150 ҳазор литр маҳлули антисептикӣ, 105 тонна собуни мушкин, 55 тонна хлор ва 60 тонна гипохлориди натрий истеҳсол намудаанд. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар корхонаҳои «Сатурн-1», «Баҳор Косметик Групп», «Покофар» -и Душанбе, «Мирзошехова» -ноҳияи Б. Ғафуров, «Давои Сино» -и шаҳри Хуҷанд, «Фарм Суғд» -и шаҳри Бӯстон ва «Тоҷикхимпром» -и ноҳияи Ёвон истеҳсоли моеъҳои шӯянда, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни мушкин, хокаи хлор ва гипохлориди натрий ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии «COVID-19» тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ситоди ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхонаҳои саноатӣ дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи безараргардонӣ саҳм гузоранд.









Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад
Рӯзи Президенти Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ ба шумор меравад
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон арҷ мегузоранд
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид
Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид






