«Таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ИДМ»: видеоконференсия миёни намояндагони донишгоҳҳои Иттиҳод
ДУШАНБЕ, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар як вақт 85 кишвари ҷаҳон барои кумак ба Хазинаи байналмилалии асъор муроҷиат кардаанд, ки дар таърихи 75-солаи Хазинаи мазкур ҳеҷ гоҳ дар як вақт ин қадар маблағгузории фаврӣ дархост нашуда буд. Ин нукта 26 май зимни видеоконференсия миёни намояндагони донишгоҳҳои ИДМ вобаста ба таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ изҳор гардид.
Тавре аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар видеоконференсия, ки таҳти унвони «Таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишварҳои ИДМ» гузашт, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, намояндагони Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд, донишгоҳҳои давлатии Санкт-Петербург, Беларус, Молдова, Боку, Ереван, Донишгоҳи миллии Қазон ба номи Ал-Форобӣ, Донишгоҳи давлатии Ӯш ва Институти кишварҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки пандемияи COVID-19 дар тамоми ҷаҳон мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба бор оварда, аксари кишварҳои ҷаҳон аз ин вабо талафоти зиёди молиявию иқтисодӣ дида истодаанд.
Дар ин арса ҳамкории кишварҳои ИДМ дар мубориза бо оқибатҳои манфии сирояти коронавируси нави COVID-19 аҳамияти муҳим дорад. Иқтисодиёти ин кишварҳо аз ҳамдигар сахт вобаста буда, дар байни онҳо робитаҳои наздики кооперативӣ, сармоягузорӣ ва муҳоҷиратӣ мавҷуданд. Коршиносон ба хулосае омаданд, ки дар якҷоягӣ метавонанд тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда ва мубодилаи иттилоотӣ оид ба вазъи имрӯза васеъ истифода баранд. Ҳамзамон бояд корҳои машваратӣ ва амалӣ дар мубориза бар зидди COVID-19-ро дар кишварҳо ҷоннок намоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






