Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода дар ҷаласа иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
Тибқи иттилои котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, дар ҷаласа ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баҳодиҳӣ воситаи муҳими ба танзим даровардани муносибатҳои иқтисодӣ ба шумор рафта, барои амалисозии муносибатҳои молӣ ва ғайримолӣ нақши муҳим дорад.
Аз ин лиҳоз, бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ба шароити муосир ва амалкунандаи иқтисодӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани стандартҳои баҳодиҳӣ, муайян намудани ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ, танзими фаъолияти баҳодиҳии ташкилоти қарздиҳӣ ҳангоми ба гарав гузоштани молу мулк ва танзими самараноки фаъолият дар ин самт лоиҳаи Қонуни мазкур таҳия карда шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» аз 6 боб ва 31 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ ба вуҷуд меоянд, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти баҳодиҳиро новобаста аз шакли моликияташон муайян мекунад.
Дар ҷаласаи кумита ҳамчунин Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» мавриди баррасии вакилон қарор гирифта, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокима гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Ҳамчунин ҳамин рӯз бо иштироки Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ҷаласаи кумитаи мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласа ду масъала — «Дар бораи тасдиқи протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ аз 27 июни соли 2007» ва «Дар бораи қарори Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД аз 29 апрели соли 2020 «Дар бораи муроҷиати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнити Дастаҷамъӣ ба парлумонҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Аврупо ба муносибати 75-солагии Ғалаба бар миллатгароӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳон» мавриди баррасии вакилони аъзои кумита қарор гирифт.
Зимни суханронӣ вакилони мардумӣ иброз намуданд, ки тасдиқи Протоколи мазкур ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат надошта, барои дар амал татбиқ гардидани муқаррароти Протоколи мазкур асоси ҳуқуқӣ фароҳам меорад ва аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.
Кумита таклиф намуд, ки мавод барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шаванд.








Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тағйиру илова ворид карда шуд
АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ аз истифодаи зиёди вейпҳо ё сигорҳои электронӣ дар байни наврасон изҳори нигаронӣ намуданд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






