Ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ дар шаҳри Турсунзода

Июнь 18, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ 17 июн бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри  Турсунзода таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок намуд.

Тавре аз маркази матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Абдулло Раҳмонзода зимни баргузории ҳамоиш иброз намуд, ки таъсиси стипендияи президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба қишри ояндасози ҷомеа мебошад. Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам меоварад то насли ҷавони мамлакат дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва дўстдории Ватан тарбия ёфта, баҳри сайқал додани донишу маҳорати худ саъю талош намояд.

Дар охири ҳамоиш гирандагони стипендияи президентӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро иброз намуда, зикр намуданд, ки дар замони пуртазоду ҳассоси ҷаҳонишавӣ, махсусан паҳншавии бемории сироятии коронавирус, ки мушкилоти сиёсиву иқтисодиро ба бор овардааст, саҳми худро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд. Ҳамчунин гирандагони стипендияи президентӣ, баён доштанд, ки бо рафтори намунавӣ таҳсилро идома дода, пайравони асили Пешвои миллат мегарданд.

Инчунин муроҷиатномаи ҷавонон, гирандагони стипендияи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои номбурда, ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд.

Июнь 18, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад