Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз муайян мешаванд

Июнь 18, 2020 13:37

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони навраси то 16 ва 19 сола доир мегардад, ки дар ин ҷо ҳарифони футболбозони тоҷик мауйян мегарданд. Маросими қуръакашӣ соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз шуда, то 13:30 идома мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 аз 14  то 31  октябр дар Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар Перу ва Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.

Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-16):

Сабади 1: Баҳрайн, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 2: Австралия, ҶДХК, Индонезия, Умон.

Сабади 3: Ҳиндустон, Эрон, Яман, Арабистони Саудӣ.

Сабади 4: Чин, Ӯзбекистон, Қатар, АМА.

Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-19):

Сабади 1: Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар.

Сабади 2: Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия, Индонезия.

Сабади 3: Малайзия, Ироқ, Ветнам, Камбоҷа.

Сабади 4: Эрон, Яман, Баҳрайн, Лаос.

Июнь 18, 2020 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд