Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон имрӯз муайян мешаванд
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни футболбозони навраси то 16 ва 19 сола доир мегардад, ки дар ин ҷо ҳарифони футболбозони тоҷик мауйян мегарданд. Маросими қуръакашӣ соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз шуда, то 13:30 идома мекунад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё-2020 аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон доир мегардад. Хотиррасон мекунем, ки 4 дастаи беҳтарини мусобиқоти мазкур роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2021, ки баргузориаш дар Перу ва Индонезия дар назар аст, роҳхат мегиранд.
Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-16):
Сабади 1: Баҳрайн, Ҷопон, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Сабади 2: Австралия, ҶДХК, Индонезия, Умон.
Сабади 3: Ҳиндустон, Эрон, Яман, Арабистони Саудӣ.
Сабади 4: Чин, Ӯзбекистон, Қатар, АМА.
Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-19):
Сабади 1: Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар.
Сабади 2: Ҷопон, Тоҷикистон, Австралия, Индонезия.
Сабади 3: Малайзия, Ироқ, Ветнам, Камбоҷа.
Сабади 4: Эрон, Яман, Баҳрайн, Лаос.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






