Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид

Июнь 10, 2020 08:12

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2020 тасдиқ гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ, муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати навбатии тирамоҳии соли 2020, татбиқи банди 22-и Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст ва банди 1 нақша-чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2020, ки бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» Қарори  мазкур аз ҷониби Раиси шаҳр тасдиқ шудааст.

Тибқи қарори  мазкур  муовини Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки  омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд ва ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2020 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида, тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд.

Ҳамчунин, дар қарори мазкур зикр шудааст, ки барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд.

Дар асоси қарори марбута  раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд, ки  бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати пурраи ҷавонписарони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.

Июнь 10, 2020 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд