Бозиҳои соҳилии Осиё-2020 тарҳи медалашро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли равон, Кумитаи тадорукоти 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё – Санйа-2020 тарҳи медалро муаррифӣ кард. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Рӯйи медал аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал – давра рамзи офтоб ва моҳро ифода мекунад. Дар давра рамзи Бозиҳои соҳилии Осиё ва акси ташаккули санги Тианйа, ки таърих ва фарҳанги Санйаро бозгӯ мекунад, ҷойгир карда шудааст. Қисмати дуюм ва асосии медал аз сурати табиати Санйа – халиҷҳои васеъ, мавҷҳо ва соҳили баҳр – иборат аст.Дар пушти медал рамзи Шӯрои олимпии Осиё ва дар бари медал ибораи англисии «Welcome to Tianya Haijiao» (Хуш омадед ба Тианйа Ҳайҷао) нақш ёфтааст. Тианйа Ҳайҷао маънии «лаби осмон ва соҳили баҳр»-ро дорад.
Ёдовар мешавем, ки 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё аз 28 ноябр то 6 декабри соли 2020, аз рӯи 17 намуди варзиш, 19 равия ва 93 мусобиқа доир хоҳад шуд. Бояд қад кард, ки аввалин Бозиҳои соҳилии Осиё соли 2008 дар Бали (Индонезия) баргузор шуда буд. Маскат (Уммон) соли 2010, Ҳайанг (Чин) соли 2012, Пҳукет (Тайланд) соли 2014 ва Дананг (Ветнам) соли 2016 мизбони бозиҳо буданд.
Ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бозиҳо иштирок карда, сазовори 5 медал – 1 тилло, 4 биринҷӣ гаштааст.
Медали тиллоро дар Пҳукет Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар намуди кураш ба даст овардааст. Дар ҳамин бозиҳо Саидҷалол Саидов дар намуди кураш ва Ҷомӣ Латифов дар намуди муайтай сазовори медали биринҷӣ гардидаанд. Ду медали дигари биринҷиро Фирӯз Давлатов ва Азизҷон Азизов дар Маскат дар намуди бодибилдинг сазовор гаштаанд.








«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд






