Чин тасмим дорад, ки ваксина аз коронавирусро дастраси тамоми ҷаҳон намояд
ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Чин тасмим доранд, ки пас аз анҷом ёфтани таҳқиқот ва озмоиш ваксинаи коронавирусро дастраси тамоми ҷаҳон намоянд. Дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ рӯзи якшанбе ба муносибати нашри Китоби сафед таҳти унвони «Мубориза бо COVID-19: амалҳои Чин», ки аз ҷониби Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин омода шудааст, вазири илм ва технологияи ҶМЧ Ван Ҷиганг изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Ҳангоми таҳияи ваксина ба таъмини бехатарӣ, самаранокӣ ва дастрасии он афзалият дода мешавад. Ҷаҳонро зарур аст, ки дар коркарди ваксинаҳо ҳамкории худро дар марҳилаҳои минбаъда низ тақвият бахшанд» -гуфт ӯ.
“Вақте ки ваксина барои истифода омода мешавад, мо он ӯҳдадориҳое, ки раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар Ассамблеяи 73-юми ҷаҳонии тандурустӣ изҳор дошта буд иҷро карда, онро дастраси тамоми ҷаҳон хоҳем кард» — илова намуд роҳбари ташкилот.
Номбурда қайд кард, ки айни замон олимони чинӣ ҳаддиақал панҷ намуди ваксинаҳоро коркард карда истодаанд. Баъзеи онҳо аллакай ба озмоиши доруҳо оғоз кардаанд.
Аксҳо: © EPA-EFE / NARONG SANGNAK, бойгонӣ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






