COVID-19: ҷаласаи роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсияи давлатҳои ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи корҳои дар шароити паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 анҷомдодаи аъзо ва табодули иттилоот оид ба чорабиниҳои дар ин самт гузаронидаи мақомот 4 июн дар ҷаласаи кории роҳбарони мақомоти миллӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва аккредитатсияи давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видео-конфронс баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии «Тоҷикстандарт» хабар медиҳад.
Дар кори ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Ўзбекистон ва Бюро оид ба стандартҳои Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, инчунин намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин видео-конфронс директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Қудрат Давлатзода дар ростои паҳншавии бемории коронавируси намуди COVID-19 ва пайомадҳои он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва тадбирҳои дар ин самт аз ҷониби Агентии “Тоҷикстандарт” роҳандозишуда ибрози ақида намуд.
Иштирокчиёни видеоконфронс иқдомҳои «Тоҷикстандарт»-ро дар самти дастгирии истеҳсолоти ватанӣ, аз ҷониби Агентӣ таҳия гардидани шартҳои техникӣ барои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва либосҳои таъйиноти муҳофизатӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байнӣ аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор оид ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои истифодаи субъектҳои хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо, муваққатан дар ин давра боз доштани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ-иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои табодули таҷриба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамзамон дар идомаи кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, бамеъёрдарории техникӣ ва баррасии стандартҳо, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, гузаронидани баҳодиҳии мутобиқат ҳангоми воридоту содирот намудани молу маҳсулот, баррасии фаъолияти комиссияҳои илмӣ – техникӣ, тақвият додани робитаҳои илмӣ-техникӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.
Инчунин дар ҳамоиш Стратегияи рушди Шўрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои давраи то соли 2030 муҳокима гардид.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ноҳияи Вахш ба хориҷи Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзӣ содирот менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Хатлон маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 19,9 миллиард сомонӣ баробар шуд
Вазирони оби кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои идоракунии захираҳои обиро баррасӣ намуданд
Хадамоти алоқа: «Аз харидорӣ, насб ва истифодаи худсаронаи репитерҳои ғайристандартӣ ва бе танзими касбӣ худдорӣ намоед»
Байни Душанбе ва Минск парвозҳои мустақими ҳавоӣ оғоз мегарданд
Тоҷикистон лоиҳаи «Харитаи роҳ»-ро оид ба татбиқи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии ИДМ муаррифӣ намуд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов парвариши пахта ва ҷамъоварии ҳосили пиёз идома дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОН. Меъмории миллӣ ба ташаккули симои нави шаҳрҳо ва муҳити зисти муносиб мусоидат менамояд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 149,6 миллион сомонӣ расид
Ҳаҷми умумии маблағгузории сармоя дар ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 337 миллион сомонӣ расонида шуд
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим дар муколамаи ҷавонон баррасӣ шуданд






