COVID-19. Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус ба беш аз 6,5 миллион нафар расид

Июнь 4, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаҳон шумораи беморони гирифтори коронавирус шабонарӯзи гузашта 121 413 нафар зиёд шуда, ба 6 568 644 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 169 ҳазору 264 кас шифо ёфтаанд ва 387 ҳазору 959 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Шумораи зиёди сироятҳо дар ИМА ба қайд гирифта шуда, 1 901 783 нафарро ташкил медиҳад. Гузашта аз ин, 109 142 кас вафот  карда, 688 670 нафар беморони гирифтори COVID-19 шифо ёфтаанд. Дар ҷои дуюм Бразилия қарор дорад, ки дар он 584 562 нафар сиротя ёфта, 32 568 нафар вафот кардаанд ва 266 132 нафар табобат шудаанд.

Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагони коронавирус дар ҷои сеюм буда, аз 432 277 нафар гирифторон 5 215 нафар вафот карданд ва 195 ҳазору 957 нафар шифо ёфтаанд.

Испания бо 287 ҳазору 406 бемор дар ҷои чорум буда, дар он 27 ҳазору 128 фавтиданд ва беш аз 150 000 сиҳат шудаанд.

Дар Британия 279 ҳазору 856 нафар гирифтори ин беморӣ шудаад. Аз рӯи теъдоди ҳолатҳои фавт Британия дар ҷои дуюм қарор дорад – 39 728 нафар.

Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Италия ба 233 ҳазору 836 нафар, фавтидагон ба 33 ҳазору 601 кас ва шифоёфтагон ба 160 ҳазору 938 нафар расид.

Дар Ҳиндустон 216 ҳазору 824 нафар аз бемории мазкур сироят ёфта, беш аз 6 ҳазори онҳо вафот кардаанд ва беш аз 104 000 нафар бар он пирӯз шудаанд.

Дар Германия аллакай 184 425 нафар бемор шуда, 8 699 кас вафот кардаанд ва 167 300 нафар шифо ёфтаанд.

Дар Перу 178 914 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардида, аз онҳо 4 894 фавтидаанд ва 72 319 бемор сиҳат шудаанд.

Дар ҷойи даҳум Туркия қарор дошта, дар он 166 422 нафар ба коронавирус гирфитор шуда, 4 609 кас вафот кардаанд ва 130 852 бемор шифо ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки пандемия охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубейи Чин бо ошкор гардидани аввалин ҳолатҳои илтиҳоби шуши пайдоишаш номаълум оғоз ёфт.

31 декабри соли 2019 мақомоти Чин дар бораи ин беморӣ СУТ-ро огоҳ кард.

30 январ СУТ хуруҷи коронавируси навро ҳамчун як ҳолати фавқулодаи тандурустии ҷомеаи байналмилалӣ эътироф намуд.

11 феврали соли 2020 ин маризӣ бемории нави коронавирус (COVID-19) номида шуд.

11 марти соли 2020 СУТ эълом кард, ки ин беморӣ пандемия гардид.

АКС: twitter.com/AMR_Social

Июнь 4, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»