COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 121 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 10 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 121 ҳазору 751 нафар зиёд шуда, ба 7 миллиону 318 ҳазору 131 нафар расид. Ҳамзамон аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 602 ҳазору 601 кас шифо ёфтаанд ва 413 ҳазору 648 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 045 549 нафар), Бразилия (742 084), Россия (485 253), Британияи Кабир (289 140), Испания (289 046), Ҳиндустон (276 146), Италия (235 561), Перу (203 736), Германия (186 516) ва Эрон (172 114) дохил мешаванд.
Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (788 862 нафар), Бразилия (325 602), Россия (242 397), Германия (170 200), Италия (168 646), Туркия (144 598), Эрон (138 457), Ҳиндустон (134 670), Чили (95 631) ва Чин (92 929) шифо ёфтаанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (114 148 нафар), Британияи Кабир (40 883), Бразилия (38 497), Италия (34 043), Франсия (29 296), Испания (27 136), Мексика (14 649), Белгия (9 619), Германия (8 831) ва Эрон (8 425) шомил мебошанд.
11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






