Дар Душанбе 7 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ ҳабс шуданд

Июнь 26, 2020 10:13

ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи ҷорӣ дар бинои Суди шаҳри Душанбе қисмати ниҳоии мурофиаи судии 7 нафар айбдоршаванда, аъзои гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ, ки дар ҷинояти махсусан вазнин-қочоқу муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор айбдор дониста мешуданд, баргузор гардид. Дар ин бора сардори маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар 3 моҳ қабл аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт карда шуда, дар умум аз ин гурӯҳ зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира гардида буд, ки доир ба рафти амалиёти дастгиркунии аъзои гурӯҳ ва саҳми онҳо дар ин кирдори ҷиноӣ дар барномаи махсуси «Пайроҳаи қочоқ» муфассал иттилоъ дода шуда буд.

Дар идомаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт схемаи интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадори гурӯҳ, ки ба муомилоти он дар дохил ва хориҷи кишвар машғул будаанд, муайян ва фаъолияти пинҳонии аъзои он дар дохил ва хориҷ пурра барҳам дода шуд. Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд.

Роҳбари ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ шаҳрванд Қурбонов Муқим Шералиевич, сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил буда, дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои «Муқимча» ва «Бачаи кампир» маъруф аст. Номбурда ҳарчанд гузаштаи доғдоркунандаи ҷиноӣ дошта, ду маротиба маҳбасӣ гардида бошад ҳам, боз ба худ хулосаи ибратбахш набароварда, бо таъсиси як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба қочоқ ва хариду фуруши воситаҳои нашъадор даст задааст.

Дар рафти тафтиши пешакӣ саҳми ҳар як аъзои гурӯҳ дар қочоқи маводи мухаддир, дастраснамоӣ, интиқол, паҳнкунӣ ва фурӯши он дар дохил ва кишварҳои хориҷӣ муайян карда шуда, дақиқ гардид, ки хариду фурӯш ва ҳамагуна амалиётҳои додудигирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Қурбонов Муқим назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷумла «Ватс-Ап», «Имо», «Вайбер» бо дигар ҳаммаслаконаш ба роҳ мондааст.

Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, кирдору ҳаракатҳои ҳар як аъзои гурӯҳ тибқи талаботи моддаи 200 қ.4 ҚҶ ҶТ (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон) бастубанд карда шуда, дар рафти баррасии парвандаи мазкур дар маҷлиси ошкорои судӣ нисбати ҳар кадоме ҷазои сазовор таъин карда шуд.

Аз ҷумла, нисбати роҳбари гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоб Қурбонов Муқим Шералиевич ва ду нафар ҳаммаслаки дигараш Назиров Рӯҳангез Латифович ва Боронов Ҳикматулло Мирзоевич ҷазои ҷиноӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 20 сол таъин карда шуд. Илова бар ин аъзоёни дигари гурӯҳи нашъаҷаллоб Назиров Сироҷ Сулаймонович, Салимдодов Шамсиддин Самиевич, Латипов Зоир Гадоевич ва Қаландаров Доваршо Мирзоевич ба муҳлатҳои аз 15 то 17-солӣ бо адои ҷазо дар калонияҳои низомашон сахт таъин карда шуданд.

Ҳамзамон, молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимухона, маркази савдои «Осиё», манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7-адад автомашинаи гаронарзиши хориҷӣ, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишоӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба фоидаи давлат мусодира гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки харидуфурӯши воситаҳои нашъадор ва пайроҳаи қочоқ дар ягон давру замон поянда нахоҳад буд. Пойдевор ва сарвате, ки тавассути нашъаҷаллобӣ ва маблағи аз ин ҳисоб бадастомада бунёд гардидааст, ноустувору бебақо хоҳад буд.

Июнь 26, 2020 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид