Дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон барои 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа дар ҳаҷми $100 таъин карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоотии Ҷамъият.
Мувофиқи созишномаи ҳамкорӣ байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази Шоҳ Салмон оид ба имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз 4 феврали соли 2020 нисбат ба як нафар ятим дар як моҳ 100 доллари ИМА, бо дарназардошти қурби асъори миллӣ дар рӯзи пардохт, кумакпулӣ муқаррар карда шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки тибқи қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 2 июни соли равон, 100 доллари ИМА 1027 сомониро ташкил медиҳад. Муҳлати фаъолияти лоиҳа тибқи созиши ҷонибҳо як солро дар бар мегирад.
Бино ба иттилои манбаъ, мутобиқи санади баимзорасида миёни ҷонибҳо 500 нафар ятиме, ки дар хона зери тарбияи хешовандони наздик ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Бохтар, Кушониён, Вахш, Левакант, А. Ҷомӣ, Шаҳритуз, Норак, Ёвон, Дустӣ, Хуросон, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Қубодиён ва Ҷайҳун дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида интихоб карда шуданд.
Маблағи кумакпулӣ ба ятимон тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба суратҳисоби ятимон ҳармоҳ интиқол дода мешавад.
Қобили зикр аст, маблағи зирггардида барои таъмини ҳифзи саломатии ятимон, маводи хурока ва ашёву асбоби хониши онҳо аз тарафи сарпарастони онҳо масраф карда мешавад.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии кӯдакони бепарастор пайваста кӯшиш менамояд. Ҳамин тавр, моҳи апрели соли равон аз ҷониби Ҷамъият ба муассисаи давлатии тақсилоти умумии асосӣ — мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе 35 бастаи маводҳои хӯрока ва 35 бастаи гигиенӣ, муассисаи давлатии хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе — 15 бастаи маводҳои хӯрока ва 15 бастаи гигиенӣ, муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии махсус барои ношунавоёни шаҳри Душанбе — 25 бастаи маводҳои хӯрока ва 10 бастаи гигиенӣ ҳамчун кумак дастрас карда шуданд. Инчунин, дар ҳамин давра ба ниёзмандони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Роғун, Восеъ, Рашт, Сангвор ва Файзобод маводи хурока дастрас гардид. Як баста маводи хӯрока барои як оила аз 50 кг орд, 5 литр равғани растанӣ, 3 кг биринҷ, 3 кг шакар, 3 кг макарон, 0,5 кг чойи хушк, 3 кг донагиҳо аз ҷумла, лӯбиё, нахӯд, мош, марӯумак ва 1 кг намак иборат мебошад.













ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






