Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ варзишгоҳ бо 15 ҳазор ҷои нишаст бунёд мешавад

Июнь 8, 2020 14:28

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷамоати Холеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 11 га  майдони варзишии дорои  15 ҳазор ҷои нишаст сохта мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи  иттилои манбаъ, варзишгоҳ аз ҷумлаи  он иншоотест, ки дар доираи сохтмони маҷмааи варзишӣ соли 2021 дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.  Пудратчии сохтмони мазкур  ҶДММ «Ширкати холдингии  Исмоили Сомонӣ» мебошад. Барои сохтмони ин маҷмааи варзишӣ,  ки  36 миллион сомонӣ арзиш  дорад, 25 га замин ҷудо карда шудааст.

Ҳамчунин дар мақомоти  иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ  чунин изҳор намуданд: «Дар  паҳлӯи он майдони Парчами давлатӣ ва майдони нишони давлатӣ  низ бунёд мешаванд».

Тибқи лоиҳа, дар атрофи маҷмааи варзишӣ  як меҳмонхона, маркази савдо ва бинои истиқоматӣ сохта мешванд. Дар шафати он як  мактаб — литсейи президентӣ бо 2 хобгоҳ барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба маблағи 23 миллион сомонӣ ва муассисаи  томактабии  сеошёна барои 330 кӯдак бо арзиши 13 миллион сомонӣ  бунёд мегарданд.

Июнь 8, 2020 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад