Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин эмкунии кӯдакон гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба кӯдакони навзод ва синни шашсола эмгузаронӣ анҷом шуд.
Директори маркази иммунопрофилактикии ноҳия Назардод Мирзозода зимни суҳбат иброз намуд, ки мақсади барномаи иммунопрофилактика дар байни кӯдакон барҳам додани бемориҳои сироятии идорашаванда аз қабили ваксинаи зидди гепатит, бемории фалаҷ, бемории сурхча, бемории гемофилия, гулузиндонак, кузоз, бемории сил ва дигар бемории сироятӣ мебошад, ки ҳар як оиларо зарур аст доир ба пешгирии ин бемориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, сари вақт ба марказ муроҷиат намоянд.
Дар асоси барнома, маркази иммунопрофилактикаи ноҳия ҳар моҳ тамоми марказҳои саломатиро бо ваксинаҳо, сӯзандоруҳо, таҷҳизот барои нигаҳдории занҷири яхбандӣ, ҳуҷҷатҳои шакли -063, шиноснома, маҷаллаи қайди назорати ваксинаҳо, маҷаллаи иммунизатсиякунӣ ва дигар намуди дастурамалҳо оиди бемориҳои сироятии идорашавандаро таъмин менамояд.
Бино ба зикри манбаъ дар панҷ моҳи соли равон 545 нафар кӯдак таваллуд ва ҳар навзод сари вақт бо ваксинаҳои нақшавӣ фаро гирифта шудаанд. Маркази иммунопрофилактика ҳамарӯза назоратро барои бехатарии иммунизатсия дар байни кӯдакон мебарад.
Дар баробар ин, кормандони маркази мазкур баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан каронавирус ба ҷамоатҳои дурдаст сафар намуда, ба аҳолии маҳаллӣ вохӯриҳо мегузаронанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






