Дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25 июни соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам!» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани ҳамоиши мазкур ташаккули арконҳои Ваҳдати миллӣ миёни насли ҷавон, расидан ба қадри оромиву осудагӣ ва пеш аз ҳама ёдоварӣ аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди барқарорсозии Ваҳдату ягонагӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Ҳамчунин дар доираи баргузории ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» муроҷиатнома ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул карда мешавад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






