ҲЕЧ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ. Расо 79 сол қабл бо ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба ИҶШС Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Расо 79 сол қабл бо ҳуҷуми Германияи фашистӣ ба ИҶШС Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз шуд, ки аз ҳама тӯлонитарин ва мудҳиштарин ҷангҳо дар таърихи башарият буд. Дар ҷабҳаҳои ин ҷанги мудҳиши қарни XX миллионҳо одамон – шаҳрвандони тамоми ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, сарфи назар аз миллат, этиқодоти сиёсӣ ва мазҳабӣ ҷангиданд ва ҷонҳои худро нисор намуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Рӯзноманигорони АМИТ «Ховар» мақолаҳои солҳои пеш нашршударо, ки дар бойгонӣ маҳфуз мебошанд, ба поси хотири ҷанговарон варақгардон намуданд.
Халқи тоҷик аз рӯзҳои аввали ҷанг, мисли дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, тамоми хатари ба сари Ватан омадаро дарк намуд. Ба Комиссариатҳои ҳарбии Тоҷикистон аризаҳои довталабон ҷиҳати ба сафҳои Артиши Сурх пайвастан ворид мешуданд.
То 7 июли соли 1941, танҳо ба як комиссариати ҳарбии шаҳрӣ Сталинобод (ҳозира Душанбе) 2 503 ариза ворид шуда буд, ки аз он ҷумла 745 нафарашон занон буданд. То моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ якчанд бригадаҳои миллӣ — тирандозӣ ва кавалерӣ ташкил шуданд.
Мувофиқи маълумоти Бойгонии давлатии Тоҷикистон, дар солҳои 1941 – 1945 аз ҷумҳурӣ ҳамагӣ қариб 290 ҳазор нафар ба фронт сафарбар шудаанд ва аз он ҷумла зиёда аз 100,000 дар майдонҳои муҳориба ҳалок шудаанд. Ҷанговарони тоҷик дар дифоъи қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол, Москва, рахна намудани муҳосираи Ленинград, муҳорибаҳои Курск, инчунин поксозии Беларус, давлатҳои назди Балтика, Полша ва ғайра аз истилогарон иштирок ва саҳми фаъол гирифтаанд.
Дар набардҳои Сталинград солҳои 1942-1943 дивизияи 61-юми кавалерӣ, ки дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон ташкил шуда буд, ширкат намуд. Дивизия аз ҳисоби сокинони тамоми қаламрави ҶШС Тоҷикистон: Помир, Ғарм, Ҳисор ва Хатлон такмил шуда буд. Саворагон муқовимати шадиди душманро дар Абганерово, Уманцево, Котельниково ва Аксай паси сар ва амалиётҳои таҳоҷумии урдуҳои Ҷабҳаи Сталинградро таъмин ва инчунин дар ақибгоҳи душман фаъолона амал менамуданд.
Ду ҷанговари тоҷик бевосита дар таъмини амнияти Конфронси соли 1943 дар Теҳрон иштирок намудааст. Ин нахустин ҷаласаи раҳбарони се қудрати пешрафтаи эътилофи зидди гитлерӣ буд: Иосиф Сталин (ИҶШС), Франклин Рузвелт (ИМА) ва Уинстон Черчилл (Бритониёи Кабир).
Роҳбарони Рейхи сеюм ният доштанд, ки ба ҷони роҳбарони мазкур сӯиқасд ташкил намояд, аммо разведкачиёни Шӯравӣ ин амалиёти махфии онҳро ошкор ва хунсо намуданд. Дар конфронс иттифоқчиён оид ба фаъолиятҳои муштарак дар ҷанги зидди Германия ва кушодани ҷабҳаи дуввум дар Франсия ба мувофиқа расиданд.
Барои мардонагӣ ва ҷасорат дар мубориза бар зидди фашизм, ки дар майдонҳои ҷанг нишон дода шудааст, 56 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон бо орденҳо ва медалҳо сарфароз шудаанд. Аз он ҷумла, 54 ҷанговар бо нишони олии ИҶШС — унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ва 15 ҷанговар ба се ордени Шараф сазовор шудаанд.
Қаҳрамонии тоҷикон дар ақибгоҳи ҶБВ
Дар кори таъмини Ғалаба заҳматкашони ақибгоҳ саҳми бузург гузоштаанд. Таъдоди зиёди тоҷикон – пиру ҷавон, мардон ва занон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар корхонаҳои саноатӣ, фабрикаҳо ва заводҳо ва соҳаи кишоварзӣ заҳмат мекашиданд. Ҳадафи онҳо як чиз буд — бо силоҳ, нон, гӯшт, ашёи хом, ғалла ва ғайра таъмин намудани ИҶШС ва Артиши Сурх.
Дар он солҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 20 корхона ва сехҳои истеҳсолӣ ба кор шурӯъ намуданд, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли семент, таъмири мошинҳо, заводҳои электромеханикӣ, конҳои металлҳои рангаи Ҷиликӯл, Чорух-Дайрон ва Такфон, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии шаҳрҳои Сталинобод ва Ленинобод. Иқтидори истеҳсолии саноати консервбарорӣ зиёд карда шуд, сохтмони НБО-и Варзоби поён идома ёфт. Дар як муддати кӯтоҳ таҷҳизоти корхонаҳое, ки аз минтақаҳои ғарбии ИҶШС кӯчонида шуда буданд дар ҷои нав насб ва фаъол гардид. Металлҳои нодир ва норинҷакҳои дастии дар ҷумҳурӣ истихроҷ ва истеҳсолшуда барои таъмини эҳтиёҷоти саноати мудофиа фиристода мешуданд.
Дар давраи ҶБВ, Тоҷикистон ба кишвар 650 тонна ғалла, 36,000 тонна гӯшт, 19,000 асп, даҳҳо миллион қуттии консерва ва миқдори зиёди маҳсулоти дигар супорид. Консерваҳои махсуси аз чормағзи норасида дар заводи Ленинобод таҳияшуда сарбозони шӯравиро, ки дар Шимоли Дур меҷангиданд, аз бемории норасоии витоминҳо наҷот бахшиданд.
Корхонаҳои саноатии ҶШС Тоҷикистон барои фронт либоси низомӣ, тир ва парашют истеҳсол мекарданд. Барои артиш беш аз 3000 автомашинаи боркаш ва 100 000 трактор истеҳсол карда шуд, 178,000 тонна нахи пахта, 770 тонна нахи абрешим, зиёда аз 6,5 миллион метр матоъҳои абрешимӣ, ҳазорҳо ҷуфт пойафзол истеҳсол гардид.
Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи меҳнати фидокоронаи коргарони оддии ақибгоҳ ва колхозчиён мебошад. Тақрибан 45 нафар сокинони Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои гуногуни Иттиҳод сафарбар ва аз он ҷо аксарияти онҳо ба ҷабҳаҳои муҳориба рафтанд.
Дар соли 1942 дар тамоми ИҶШС як ҷунбиши умумимиллӣ оид ба ҷамъоварии маблағҳо барои Артиши Сурх оғоз шуд. Аз Тоҷикистон 150 вагон бо тӯҳфаҳо ба фронт фиристода шуд. Танҳо ба Ленинград, ки дар муҳосира қарор дошт — 50 вагон фиристода шуд. Ин ҳама аз ҳисоби одамони оддӣ, ки либоси гарм ва ашёи рӯзгорро ҷамъоварӣ мекарданд, ташкил ва таҳия шуда буд. Умуман, дар давраи ҷанг Тоҷикистон ба Фонди мудофиа ва истеҳсоли яроқ беш аз 1 миллиард рубли шӯравӣ интиқол додааст. Бо назардошти он ки дар солҳои 1940 дар ИҶШС 1 грамм тилло ба 4.45 рубл баробар буд, ҶШС Тоҷикистон қариб 225 тонна тиллоро барои эҳтиёҷоти ҷанг ирсол намудааст.
Ватан ба хизматҳои заҳматкашони ақибгоҳ шӯравӣ баҳои сазовор дод. Дар ҶШС Тоҷикистон 102 000 нафар бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоъ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз шуданд. Тақрибан ҳазор нафар қаҳрамонони ақибгоҳ бо мукофотҳои олии ҳукуматӣ ноил шуданд.
Тоҷикистон — ватани дуввум
Дар тӯли солҳои ҷанг, Тоҷикистон воқеан барои одамони зиёде хонаи дуюм гардид. Сокинони Ленингради муҳосирашуда, Москва, Киев, Минск ва шаҳрҳои дигар ва деҳоти вилоятҳои ғарбии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷумҳурӣ кӯчонида шуданд.Дар сарзамини тоҷик тақрибан 100,000 нафар барои худ сарпаноҳ ёфтанд, ки қариб 10,000 нафари онҳо кӯдакон буданд. Халқи тоҷик онҳоро бо лавозимоти зарурӣ — манзил, хӯрок, либос ва пойафзол таъмин кард.
Инчунин ба кишвари мо касонеро мефиристоданд, ки барои ғалабаи оянда хунбаҳо дода буданд. То соли 1942 дар қаламрави Тоҷикистон 29 госпитали эвакуатсионӣ кушода шуда буд ва дар онҳо аскарони захмии Артиши Сурх муолиҷа мешуданд. Иқлими субтропикӣ, оромӣ ва ғамхории касбии табибон ба барқароршавии сарбозон ва бозгашти онҳо ба фронт мусоидат мекард.
Табибон тавонистанд, ки беш аз 50,000 аскарони захмишудаи шӯравиро табобат ва ба ҷабҳаҳо баргардонанд. Ин миқдор аскар барои ташкили панҷ дивизияи мукаммал кифоят мекунанд.Фарзандони ҷанговарон ва эвакуатсияшудагонро дар осоишгоҳҳо, лагерҳои кӯдакон ва хонаҳои истироҳатӣ ҷобаҷо мекарданд. Ҳазорон кӯдак як ҳиссаи давраи кӯдакии худро дар ин ҷо бидуни ёдоварии ҳаррӯза аз даҳшатҳои ҷанг гузаронидааст.
Госпиталҳои эвакуатсионӣ дар шаҳри Душанбе то аввали соли 1944 фаъолият мекарданд. Пас аз озод шудани Украина тавассути артиши шӯравӣ, як қисми онҳо барои тақвият додани кӯмаки тиббӣ ба минтақаҳои назди фронт фиристода шуд. Вале якчанд бунгоҳҳои тиббӣ дар Душанбе боқӣ монд ва онҳо ба беморхонаҳои ҷарроҳии барқарорсозии маъюбони ҷанг табдил дода шуданд. Бесабаб нест, ки як қатор таърихчиён пешниҳод мекунанд, ки ба Душанбе унвони «Шаҳри шӯҳрати тиббии ҳарбӣ» дода шавад.
Ҳазорон одамон, ки шаҳрҳо ва деҳоташон дар натиҷаи зарбаҳои тӯпҳо ва бомбаборонҳо валангор шуда буданд, тавонистанд фаъолияти худро дар Тоҷикистон идома диҳанд. Як қатор корхонаҳо, асосан корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ ба ин ҷо интиқол ёфта буданд. Илова бар ин дар замони ҷанг 20 завод, фабрика ва сехҳо бунёд гардид.Дар шароити эвакуатсия дар Тоҷикистон ҳунармандони ва филмсозони машҳур аз ҷумҳуриҳои дигар зиндагӣ ва кор мекарданд. Масалан, вақте ки Театри мазҳакаи Ленинград ба Душанбе (он вақт Сталинобод) кӯчонида шуд, драматурги машҳур Евгений Швартс низ ба ин ҷо омад.
Ӯ дар ин ҷо ба навиштани як қатор сенаряҳо, намоишномаҳо шурӯъ кард ва аз рӯи яке аз онҳо филми машҳури «Мӯъҷизаи оддӣ» баъдтар ба навор гирифта шуд. Дар байни гурӯҳҳои эҷодии эвакуатсияшуда метавон аз Театри давлатии Москвагии лӯлиён «Ромен», Театри эстрадӣ ва миниатюраҳои Ленингради Аркадий Райкин, цирки Юрий Дуров ва ғайра ном бурд.
Ҳунармандон дар Тоҷикистон дар назди сарбозони маҷрӯҳ дар госпиталҳои эвакуатсионӣ, қисмҳои ҳарбӣ, дар назди коргарони ақибгоҳ — корхонаҳои саноатӣ, колхозҳо ва совхозҳо ҳар рӯз чандин консерт ташкил мекарданд, то ки ба одамони аз ҷанг хасташуда ҳаёти орому осоиштаро ба ёд биоваранд.
Наслҳои оянда бояд хотираи қаҳрамонони ҶБВ — ро гиромӣ доранд
Ҳамин тавр, зиёда аз 290,000 шаҳрванди Тоҷикистон дар давраи озмоиши мудҳиш дӯш ба дӯш бо тамоми шаҳрвандони Иттифоқи Советӣ қарзи худро дар назди кишвар бошарафона иҷро кардаанд.
Ҳар кас ба андозаи қобилият, саломатӣ ва вазифаи ишғолнамудааш дар кори умумии мубориза бар зидди фашизм саҳми сазовор гузоштааст. 75 сол пеш, халқҳои ИҶШС дар он ҷанги мудҳиш пирӯз шуданд, чунки онҳо муттаҳид буданд.
Ҳоло дар Тоҷикистон қариб 160 собиқадори ҶБВ дар қайди ҳаёт мебошад.