Эпидемияи коронавирус ҳоло ҳам дар марҳилаи фаъол қарор дорад — сарвари Бюрои минтақавии СУТ дар Аврупо

Июнь 19, 2020 11:34

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи кишварҳои минтақаи Аврупо, ки дар он ҷо бемории пневмонияи COVID-19, ки ангезандаи он  коронавирус мебошад, се маротиба афзоиш ёфтааст ва дар бисёре аз кишварҳо пандемия дар марҳилаи фаъол қарор дорад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора Ханс Клюге, Директори Бюрои минтақавии СУТ дар Аврупо, зимни брифинги онлайн рӯзи панҷшанбе хабар дод.

«Теъдоди ҳодисаҳои тасдиқшудаи гирифтории короновирус дар ҷаҳон аз ҳашт миллион гузаштааст. Аз шумораии умумии беморон — 31% ва аз шумораи умумии фавтидагон  — 43% ба минтақаи Аврупо рост меояд» — гуфт Клюге.

Вай афзуд, ки ин вирус дар саросари ҷаҳон боиси фавти тақрибан ним миллион одам шудааст.»Пас аз чанд ҳафтаи коҳиш ёфтани шумораи ҳолатҳои сироятшавӣ дар баъзе кишварҳо, ҳоло нишондоди ҳолатҳои нави сироятшавӣ дар минтақаи Аврупо дар нуқтаи 17-20 ҳазор ҳолат дар як рӯз эътидол ёфтааст» – иброз намуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Македонияи Шимолӣ, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Исроил афзоиши шумораи ҳодисаҳои сироятёбӣ аз вирус ба назар мерасад.“Эпидемияи COVID-19 дар бисёр кишварҳо ҳоло ҳам дар марҳилаи фаъол қарор дорад. Муҳим ин аст, ки мо пас аз карантини сартосарӣ фаъолияти худро ҷиҳати барқарорсозии ҳаёти муқаррарӣ идома диҳем, аммо муҳимтар ин аст, ки мақомоти давлатии кишварҳо воситаҳо ва маблағҳои заруриро барои ташкили системаи назорати фаъоли эпидемиологӣ, ки битавонад ҳолатҳои беморшавиро ошкор кунад, санҷишҳои тестӣ гузаронад ва тамосҳои шахсони сироятшударо муайян намояд, ҷудо намоянд, то ин ки зарурати ҷорӣ намудани карантини сартосарӣ дар ҳафтаҳо ва моҳҳои наздик пеш наояд” — қайд намуд ӯ.

«Ба мо аллакай ишораҳои изтиробовар расидаанд: дар баъзе кишварҳо, кушодани мактабҳо пас аз карантин боиси «ҷаҳишҳо»-и ҳолатҳои маҳдуди сироятшавӣ гардид, ки ин маънои онро дорад, ки мо бояд дар масъалаи коҳиши маҳдудиятҳо ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Такроран мегӯям: дар тамоми кишварҳо сатҳи хатар ҳанӯз ҳам баланд аст, — мегӯяд роҳбари Дафтари минтақавии СУТ дар Аврупо.

Тадқиқоте, ки дар маҷаллаи Лансет нашр шудааст, тасвири изтиробоварро нишон медиҳад: 22% аҳолии ҷаҳон — ё 1,7 миллиард нафар дар тамоми дунё — ҳадди аққал бо як бемории ҳамсафар зиндагӣ мекунад ва дар ҳолати аз COVID-19 сироят ёфтан, ба онҳо  хатари гирифтор шудан бо шаклҳои шадиди бемориҳо таҳдид мекунад.

Вай қайд кард, ки пандемия ба паҳлӯҳои гуногуни саломатӣ ва некӯаҳволии одамон таъсири манфӣ мерасонад. Аммо, маълумоте, ки дар ихтиёри СУТ қарор дорад, “нигаронкунанда аст”.«Дар минтақаи Аврупо 68 фоизи кишварҳо хабар доданд, ки ба сабаби пандемия хизматрасонӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ қатъ шудааст. 66% хизматрасониҳо барои беморони гирифтори баландии фишор хун ва 58% хидматрасониҳо ба беморони диабети қанд ва пайомадҳои он қисман ё пурра қатъ шуданд», — гуфт Клюге.

Ба гуфтаи вай, дар Нидерландия сатҳи ташхиси саратон 25% коҳиш ёфтааст ва дар баъзе кишварҳо барномаҳои ташхиси саратон мутавақиф шудаанд. Дар Испания шумораи ҳолатҳои табобати инфаркти миокард дар заминаи шуъбаҳои кардиологӣ дар муқоиса бо маълумотҳои давраи пеш аз эпидемия 40% кам шудааст.

«Мо инчунин шоҳиди онем, ки нишондодҳои ошкорсозии бемории сил 60% коҳиш ёфтааст, ки ин боиси дер оғоз ёфтани табобат ва афзоиши фавт аз ин беморӣ мешавад. Дар баъзе кишварҳо эмгузаронии аҳолӣ қатъ шудааст. Як қатор кишварҳои дигар бо коҳиши фарогирии ҳолӣ мувоҷеҳ шуданд: аз ҷумла дар Британияи Кабир эмкунии кӯдакон аз бемориҳои сурхакон, паротит ва сурхча то нимаи апрел 20% коҳиш ёфтааст » — гуфт Ханс Клюге.

                                                                                АКС аз бойгонӣ

Июнь 19, 2020 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд