ФУТБОЛ: дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон рақибони худро интизоранд

Июнь 4, 2020 15:11

ДУШАНБЕ, 04.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18  июн дар қароргоҳи КФО дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-сола ва ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид  ба футбол  иштирок мекунанд, дар назар аст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони то 16-сола аз 16  сентябр то 3 октябри соли равон дар Баҳрайн баргузор мешавад. Чемпионати Осиё-2020 байни футболбозони ҷавони то 20-сола аз 14  то 31 октябр дар Ӯзбекистон доир хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз Чемпионати Осиё-2020 чор дастаи беҳтарин ба Чемпионати ҷаҳон-2021, ки дар кишварҳои Перу   ва Индонезия   доир мешаванд, роҳхат мегиранд.

Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-16):

Сабади 1: Баҳрайн, Япония, Тоҷикистон,  Кореяи Ҷанубӣ.

Сабади 2: Австралия, ҶХДК, Индонезия, Уммон.

Сабади 3: Ҳиндустон, Эрон, Яман, Арабистони Саудӣ.

Сабади 4: Чин, Ӯзбекистон, Қатар, АМА.

Ҳайати сабадҳо барои маросими қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 (U-19):

Сабади 1: Ӯзбекистан, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар.

Сабади 2: Япония, Тоҷикистон, Австралия, Индонезия.

Сабади 3: Малайзия, Ироқ, Ветнам, Камбоҷа.

Сабади 4: Эрон, Яман, Баҳрайн, Лаос.

Июнь 4, 2020 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд