ФУТБОЛ. «Истиқлол», «Истаравшан» ва «Душанбе-83» дар даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 27-28 июн дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Рӯзи 27 июн се бозии даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир шуд. Бозӣ аввал миёни ду дастаи вилояти Хатлон – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби мусовӣ 1:1 анҷом ёфт. Дилшод Баротов футболбози дастаи «Файзканд» дар дақиқаи 59-ум ҳисобро кушод. Баъд аз 10 дақиқа бохтариҳо бо голи Парвиз Боқӣ-Охунов ҳисобро баробар карданд. Бозӣ миёни дастаҳои «Куктош» ва КМВА низ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ба дарвозаи тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. Аввалин се холро дар мавсими нав истаравшаниҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Илҳом Баротов дар дақиқаҳои 53-юм ва 90+1-уми дидор ба даст оварданд.
Рӯзи 28 июн дар доираи рақобатҳои даври 7-уми Лигаи олӣ дастаи «Душанбе-83»-и Душанбе ба меҳмонии дастаи «Регар-ТадАЗ» сафар кард. Вохӯрии мазкур бо натиҷаи 2:1 ба суди дастаи футболи «Душанбе-83» хотима ёфт.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии марказии ин мавсим дар даври 7-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо як шукӯҳу шаҳомати хоса доир шуд. Рақобати ин ду даста дар ҳама давру замон пуршиддат сурат мегирад. Қаҳрамони феълии кишвар дастаи «Истиқлол» ба меҳмонии ноибқаҳрамони мамлакат тими «Хуҷанд» сафар кард. Сабқати ин ду дастаи шинохтаи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол» хотима ёфт. Ҳанӯз се дақиқа пас аз ҳуштаки довари бозӣ — Санҷар Рихсибоев бо як усули зебо дарвозаи Рустам Ятимовро рахна намуд. Мизбонон боварӣ доштанд, ки ин натиҷаро нигоҳ медоранд, аммо дар дақиқаи 16-ум беҳтарин нишонзани чемпионат Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар кард. Баъдан дар идомаи рақобат Алишер Ҷалилов ва Вахит Оразсахедов ду маротибаи дигар дарвозаи «Хуҷанд»-ро рахна сохта, ҳисобро 3:1 намуданд.
Ҳамин тавр дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ягона дастае боқӣ мондааст, ки то ҳол талхии бохтро начашидааст. Дар ҳоли ҳозир дастаи «Истиқлол» бо дарёфти 19 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, имкони ба зинаи дуюм баромаданро аз даст дода, бо 13 имтиёз дар ҷои 3-юм қарор гирифт.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум
«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 1:3
Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 3 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 16 (1:1). Алишер Ҷалилов, 75 (1:2). Вахит Оразсахедов, 90+2 (1:3).
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 1:2
Голҳо: Агблей Ҷонс, 45+1 (0:1). Идрис Амину, 69 (0:2). Изатулло Рузиев, 88 – (худгол) (1:2).
«Хатлон» – «Файзканд» – 1:1
Голы: Дилшодҷон Баротов, 59 (0:1). Парвиз Боки-Ахунов, 69 (1:1).
«Куктош» – КМВА– 0:0
«Истаравшан» – «Локомотив-Памир» – 2:0
Голы: Илҳом Баротов, 53 (1:0). Илҳом Баротов, 90+1 (2:0).
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 7 | 6 | 1 | 0 | 34-5 | 19 |
| 2 | «Хатлон» (Бохтар) | 7 | 4 | 2 | 1 | 13-10 | 14 |
| 3 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 7 | 4 | 1 | 2 | 14-10 | 13 |
| 4 | «Душанбе-83» (Душанбе) | 7 | 3 | 1 | 3 | 6-12 | 10 |
| 5 | «Файзканд»(Восеъ) | 7 | 2 | 4 | 1 | 9-10 | 10 |
| 6 | «Куктош» (Рӯдакӣ) | 7 | 2 | 3 | 2 | 7-9 | 9 |
| 7 | КМВА (Душанбе) | 7 | 2 | 2 | 3 | 8-10 | 8 |
| 8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 7 | 2 | 1 | 4 | 11-15 | 7 |
| 9 | «Локомотив-Помир» (Душанбе) | 7 | 1 | 1 | 5 | 7-13 | 4 |
| 10 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 7 | 1 | 0 | 6 | 6-21 | 3 |
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 9 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – тӯб , Шериддин Бобоев, Рустам Соиров (( ҳама аз «Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 5 тӯб Вахит Оразсахедов («Истиқлол»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шодибек Гаффоров (КМВА) 4 тӯб, Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ») Идрис Аминов («Душанбе-83») – 3-тӯбӣ.








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






