ФУТБОЛ: Ғолибони даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ маълум шуданд

Июнь 22, 2020 17:06

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои  20-21 июни соли равон, бозиҳои даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Ин мавзӯъро шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Қобили зикр аст, ки  20 июн мухлисон шоҳиди ду бозии даври мазкур гардиданд. Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан 8 голи беҷавоб зад. Алишер Ҷалилов ду гол, Шериддин Бобоев, Алексей Ларин, Рустам Соиров, Вахит Оразсахедов, Манучеҳр Ҷалилов ва Эҳсони Панҷшанбе якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар бозии дигар  бошад, дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар дастаи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Голҳои ин вохӯрӣ ҷолибро, Дилшод Бозоров ва  Амирҷон Сафаров   ба ҳадаф расониданд.

21 июн бошад, се бозии дигари даври шашум баргузор шуд. КМВА дар майдони худ бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари тими меҳмон Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 13 ҳисобро кушод. Ба голи задаи ӯ бозингарони дастаи  артиш Шодибек Ғаффоров ва Бахтиёр Қаландаров бо ду гол ҷавоб доданд. Воқеан, ин аввалин бохти дастаи «Хатлон» дар мавсими нав аст. То имрӯз дар 4 бозӣ ғалаба ва як бозиро мусовӣ карда буд.

Дастаи нави лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе бар  дастаи  «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби  2:1 пирӯз шуд. Далер Ёдгоров дар дақиқаи 38-ум дастаи   «Куктош»-ро ба пеш баровард. Душанбегиҳо тавассути голҳои Элчибек Рашидбеков ва Идрис Амин дар дақиқаҳои 71 ва 88-ум соҳиби се хол гардиданд.

Дастаи  футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода  низ дар сафар бар тими «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои тими шаҳри Турсунзодаро Ёқубҷон Ахмедов, Доробҷон Эргашев ва голи «Локомотив-Помир»-и Душанберо бошад, Ҳаким Ҳасанов ба нишон расонид. Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии шаш даври бозиҳо  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо 16 хол пешсафи ягонаи чемпионат гардид. Дастаҳои футболи  «Хуҷанд» ва «Хатлон»  бо 13-холӣ дар ҷои дуюму сеюм мавқеъ доранд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Хатлон» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Умарҷон   Шарипов, 70.

17 июн. Бохтар. Варзишгоҳи  «Пахтакор».

«Куктош» – «Локомотив-Памир» – 1:0

Гол: Муҳсинҷон  Абдуғаффоров, 35.

17 июн. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи  «Нефтяник».

Мавриди зикр аст, ки  16 июни соли равон, дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ якбора се вохӯрӣ баргузор шуд. Бозии асосии ин давр вохӯрии дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и  Турсунзода ва  «Истиқлол»-и Душанбе ба шумор мерафт, ки бозии мазкур бо натиҷаи калони 6:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.

Рақобати дигар байни дастаҳои футболи  «Истаравшан» ва «Хуҷанд»-и Хӯҷанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони шаҳри  «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 аз дастаи рақиб мағлуб гардиданд. Вохӯрии дигар бошад, миёни дастаҳои КМВА ва «Файзканд»  доир шуд. Ин дидори ҷолбу диданӣ  бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон, чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол» – 1:6

Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Ваҳит Оразсахедов, 76 (1:4). Муҳаммаҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).

КМВА – «Файзканд» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум

«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).

«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).

«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).

 «Душанбе-83» – КМВА – 2:1

Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).

Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.

Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм

«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1

Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Хотиррасон мешавем, ки даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 27-28 июни соли равон  баргузор мешавад. Рӯзи шанбе дастаҳои футболи  «Хатлон» бо «Файзканд», «Куктош» бо КМВА, «Истаравшан» бо «Локомотив-Помир» ва рӯзи якшанбе бошад,«Регар-ТадАЗ» бо «Душанбе-83» ва «Хуҷанд» бо «Истиқлол» байни ҳам вомехуранд.

 ҶОЙ   ДАСТАҲО     Б      Ғ      М      Б      Т-Т    Х  
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  6  5  1  0  31-4  16
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  6  4  1  1  13-7  13
 3  «Хатлон»(Бохтар)  6  4  1  1  12-9  13
 4  «Файзканд» (Восеъ)  6  2  3  1  8-9  9
 5  «Куктош» (Рӯдакӣ)  6  2  2  2  7-9  8
 6  «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода)  6  2  1  3  10-13  7
 7  КМВА (Душанбе)  6  2  1  3  8-10  7
 8 «Душанбе-83» (Душанбе)  6  2  1  3  4-11  7
 9  «Локомотив-Помир»(Душанбе)  6  1  1  4  7-11  4
 10  «Истаравшан» (Истаравшан)  6  0  0  6  4-21  0
Июнь 22, 2020 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд