Футзалбозони шаҳри Кӯлоб ба тамринҳои бадан оғоз намуданд

Июнь 3, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди толору майдончаҳои варзишӣ дар гӯшаву канори мамлакат ба он мусоидат намуд, ки сокинон ҳамарӯза ба  тамрини бадан машғул шуда, ба ин васила солимию саломатии хешро нигоҳ доранд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, давоми чанд рӯзи охир футзалбозони Лигаи касбии футзали мамлакат, ки дар дастаҳои гуногун, аз ҷумла дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ  менамоянд, бо риояи масофаи байни ҳамдигарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ ба машқҳо пардохта, ба оғози мавсими нави футзал омодагӣ мегиранд.

Маъмурияти дастаи футзали мамлакат аъзои дастаҳоро даъват намудааст, ки чунин машқҳои инфиродиро бо иштироки ками варзишгарон ва дар вақтҳои алоҳида баргузор намоянд. Аъзои дастаи  мунтахаби Тоҷикистон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ марҳила ба марҳила ба тамрин шурӯъ карда, ба ғайр аз баргузории машқҳо дар хона, инчунин дар майдончаҳои варзишӣ низ чунин тамринҳоро баргузор менамоянд.

Июнь 3, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд