Гурӯҳҳои ташвиқотӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти COVID-19 дар Душанбе корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19, иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла истифодаи ниқобҳои яккарата, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва бе зарурат аз хона набаромадан гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, гурӯҳҳои корӣ дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби намояндагони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва ҷавонон (волонтёрон) ҷиҳати бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ — дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, бозорҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19 ва истифодаи ниқобҳои яккарата, инчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ ташкил гардидаанд.
Дар ин замина, нахуст мулоқоти роҳбарияти шаҳри Душанбе бо роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир гардида, ҷиҳати корбарии муташаккилона ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамгироӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Дар маҷмӯъ, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе 45 гурӯҳи таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ иборат аз 235 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ташкил шуда, ба маҳаллҳои сернуфуз ва ҷойҳои ҷамъшавии одамон сафарбар гардидаанд.
Дар рӯзи аввали кори гурӯҳҳои фаҳмондадиҳӣ дар чор ноҳияи пойтахт дар маҷмӯъ бо 1790 нафар аҳолӣ-намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, ки дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва бозору марказҳои савдо бе ниқобҳои яккарата гаштугузор мекарданд, ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19 корҳои таблиғотӣ-фаҳмондадиҳӣ сурат гирифта, ба онҳо оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати беморон дар шароити хона ва дигар масъалаҳои марбут ба пешгирӣ аз сирояти коронавирус — COVID-19 маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Бояд тазаккур дод, ки аъзои гурӯҳ рӯзи нахустини фаъолият — 2 июн дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ ба 1790 нафар шаҳрвандон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва маводи таблиғотӣ — тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва мутахассисони мамлакатро оид ба риояи қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ҳамагири коронавирус — COVID-19 тақдим карданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки масъалаҳои истифодаи ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептик) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.
Фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар ин самт идома дорад.













Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд






