Хатлон: Фаро гирифтани беш аз 1000 нафар ҷавони довталаб ба сафи ҚМ ҶТ ба курсҳои омӯзишии ройгон

Июнь 15, 2020 12:07

ДУШАНБЕ, 15.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Дар доираи қарори раиси вилояти Хатлон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020», тобистони соли ҷорӣ беш аз 1200 нафар ҷавонони вилоят аз курсҳои ройгони омӯзишии ронандагӣ, кафшергарӣ, ошпазӣ, асосҳои компютерӣ ва ғайра гузашта, соҳиби гувоҳномаҳо хоҳанд шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» аз натиҷаи ҷаласаи доиршуда дар ин мавзӯъ хабар доданд.

Дар рафти ҷаласа вобаста ба мавзӯи мавриди назар, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қарорҳои батасвибрасида, аз ҷумла «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2020-и шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати  ҳарбӣ» ва «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020»-ро шинос намуда, қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ, раёсатҳои маориф ва фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои вилоят, комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дигар ташкилоту идора ва сохторҳои мақомотҳои дахлдор хизмати ҳарбиро дар сафи ҚМ ҶТ  ҳаматарафа тарғиб ва тавассути ВАО  инъикос намоянд.

Дар рафти муҳокимаи мавзӯъ таъкид гардид, ки дар даъвати баҳории соли 2020, аз ҷумлаи ҷавонони вилоят, ки ба сафи артиши миллӣ пайвастанд, 274 нафар дорои маълумоти олӣ ва 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус буданд. 30,7%-и ҷавононе, ки ба қисмҳои низомӣ барои адои хизмат фиристода шуданд, мутахассисони соҳибкасб, аз ҷумла ронандаҳои нақлиёт, устои компютер, кафшергар, ошпаз, барқчӣ, сартарош ва ғайра мебошанд.

— Аз тарафи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳарбӣ дар ташкилотҳои мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳо курсҳои ронандагӣ ташкил карда шуд, ки онро 863 нафар ҷавонписарон бо ихтисоси ронандагӣ  хатм намуда, ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гардидаанд, — таъкид намуд У.Солеҳзода, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мадагори мудофиаи Хатлон ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят вазифадор карда шуданд, ки дар якҷоягӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор доир ба гирифтани ихтисос аз тарафи  даъватшавандаҳо ва беҳтар намудани сифати интихоби  онҳо ба таълимгоҳҳои соҳавӣ, корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.

Июнь 15, 2020 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст