Хоруғ: Хонандагон соҳиби стипендияи президентӣ шуданд

Июнь 19, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 19.06.2020. /АМИТ Ховар/. 18 июн дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими супоридани стипендияи президентӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бо иштироки Раиси вилоят Ëдгор Файзов ва Ризо Назарзода муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Муухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар баробари дигар хонандагони ноҳияҳои вилоят, чор нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла, Шарифамо Одинамамадова, хонандаи литсейи Оғохон, Убод Абдураҳмонов, хонандаи МТМУ №11, Мафтуна Кабирова, хонандаи МТМУ №9 ва Давлатбегим Тавакалова, хонандаи МТМУ №5 ба гирифтани стипендияи президентӣ мушарраф гардиданд.

Дар баромади худ Ëдгор Файзов ва Ризо Назарзода муқаррар намудани стипендияи президентиро барои хонандагони болаëқат яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврас баëн намуда, онҳоро ба худшиносию худогоҳӣ ва дӯст доштани Ватан талқин намуданд.

Дар навбати худ хонандагон ва волидайни онҳо низ баҳри зоҳир намудани чунин ғамхорӣ ба Роҳбарияти Олии давлат арзи миннатдорӣ баëн доштанд.

Баъди анҷоми чорабинӣ раиси шаҳри Хоруғ Кишвар Шамирӣ гирандагони стипендияи президентиро аз шаҳри Хоруғ ба ҳузур пазируфта, баҳри интихоби касбу ихтисоси мутобиқ ба бозори меҳнат ва дар оянда хизмати софдилона намудан ба халқу Ватан ба онҳо дастуру маслиҳатҳо доданд.

Июнь 19, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд