Иловапулӣ ба музди меҳнати 5256 нафар корманди соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президент
ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси фармоиши якҷояи Вазорати молия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 21 майи соли 2020 ҷиҳати таъмини иловапулӣ ба музди меҳнат дар моҳи май ба 5256 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла 995 нафар духтур, 1833 нафар корманди миёнаи тиб, 1547 нафар корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа, ки маблағи ҳисобигардидаи фонди музди меҳнат 4,2 млн. сомониро дар бар мегирад, ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






