«Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 17.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи рақобатҳои даври 5-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ якбора се вохӯрӣ баргузор шуд. Бозии асосии ин давр вохӯри дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Истиқлол»-и Душанбе ба шумор мерафт, ки бозии мазкур бо натиҷаи калони 6:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и Душанбе хотима ёфт.
Рақобати дигар байни дастаҳои футболи «Истаравшан» ва «Хуҷанд»-и Хӯҷанд бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ футболбозони шаҳри «Истаравшан» бо ҳисоби 2:1 аз дастаи рақиб мағлуб гардиданд. Вохӯрии дигар бошад, миёни дастаҳои КМВА ва «Файзканд» доир шуд. Ин дидори ҷолбу диданӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Ин мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Ҳамакнун бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионат аз се марҳила ба ду марҳила кам карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳар даста то охири мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум
«Регар-ТадАЗ» – «Истиклол» – 1:6
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 28 (0:1). Шериддин Бобоев, 36 (0:2). Оятулло Сафаров, 60 (1:2). Алишер Ҷалилов, 61 (1:3). Ваҳит Оразсахедов, 76 (1:4). Муҳаммаҷон Раҳимов, 78 (1:5). Рустам Соиров, 87 (1:6).
«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (1:0). Амирҷон Сафаров, 62 (1:1). Ойбек Абдуғаффоров, 78 – аз пеналти (1:2).
КМВА – «Файзканд» – 1:1
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 57 (1:0). Фахриддин Сафарзода, 72 (1:1).
17-уми июн, чоршанбе
Оғози бозиҳо соати 17:30
«Хатлон» – «Душанбе-83»
«Куктош» – «Локомотив»
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 4-ум
«Файзканд» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Абдуқаҳор Қодиров, 45+1 (0:1). Ҷасур Қурбонов, 61 (1:1). Анвар Муродов, 67 (2:1).
«Истиқлол» – «Куктош» – 6:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Рустам Соиров, 61 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 65 (3:0). Холмурод Назаров, 69 – (худгол) (4:0). Холмурод Назаров, 81 (4:1). Рустам Соиров, 82 (5:1). Рустам Соиров, 90+3 (6:1).
«Локомотив-Памир» – «Хатлон» – 2:3
Голҳо: Худойдод Узоқов, 30 (0:1). Худойдод Узоқов, 38 (0:2). Азизбек Ҳасанов, 59 (1:2). Худойдод Узоқов, 67 (1:3). Шаҳром Сулаймонов, 82 (2:3).
«Душанбе-83» – КМВА – 2:1
Голҳо: Хуршед Абдуллоев, 8 (1:0). Хуршед Абдуллоев, 84 (2:0). Фирӯз Бобиев, 88 (2:1).
Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1.
Голҳо: Диловаршо Ганиев, 22 (0:1). Санҷар Рихсибоев, 24 (1:1). Дилшод Бозоров 42 (2:1).
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 3-юм
«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:1
Голҳо: Ҳикматулло Расулов, 41 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 52 (1:1).
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм
«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.
Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).
«Истиқлол» — КМВА 2:0
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86
«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).
«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3
Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).
«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0
Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






